05:50:15 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
30 31        

ЧИН 11 ДАРСАД БУДҶАИ НИЗОМИИ ХУДРО АФЗОИШ ДОД

Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки будҷаи низомии худро дар соли 2012 ба андозаи 11,2 дарсад афзоиш медиҳад. Ин афзоиш дар пайи он сурат гирифтааст, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико эълом кард, ки тавони нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро бештар хоҳад кард.

army-chinaБа ин тартиб омори расмии ҳазинаи низомии Чин имсол ба 106 миллиарду 400 миллион доллар расид. Соли гузашта ҳам Чин 12,7 дарсад будҷаи низомии худро зиёд карда буд. Чин пас аз ИМА аз лиҳози ҳазинаҳои низомӣ, миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми дуввум қарор дорад. Бо ин ҳол бархе аз коршиносон мӯътақиданд, ки омори воқеии будҷаи низомии Чин метавонад то 50 дарсад беш аз омори расмии эълоншуда бошад.

Сухангӯи Кунгураи миллии халқи Чин гуфтааст: "Чин як миллиарду 300 миллион аҳолӣ дорад, масоҳати бузург бо соҳилҳои тӯлонӣ. Аммо будҷаи низомии мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои бузург чандин маротиба камтар аст."

Ин мақоми чинӣ гуфтааст, ки соли гузашта ҳамон тавр ки Бонки Ҷаҳонӣ, мегӯяд, ҳазинаи низомии Чин 1,28 дарсади иқтисоди Чин буд, аммо Амрико 4,8 дарсад аз иқтисоди худро сарфи ҳазинаҳои низомӣ кард.

Чин дар соли 2011 нахустин намунаи ҷангандаҳои родоргурези худро озмоиш кард ва дар чанд моҳи пеш киштии ҳавопаймобари худро ба баҳр фиристод. Ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли сохтани зердарёиҳои нав, мушакҳои болистикии замин ба дарё ва зидди киштии нав ҳаст.

Чанд моҳ қабл, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико стратегияи нави кишварашро эълом кард ва дар он омада буд, ки Амрико ҳузури бештаре дар қитъаи Осиё хоҳад дошт. Дар ин санад аз Чин ва Эрон ба унвони ду кишваре, ки метавонанд қудрати монёври дарёи ва ҳавоии Амрикоро ба чолиш бикашанд, ёд шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi