23:17:28 04-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

"РЕЖИМИ КАРИМОВ ДАР ОСТОНАИ ФУРӮПОШӢ"

Дар шабакаи Интернет мақолаи Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби мухолифи “Эрк” (Озодӣ)-и Ӯзбакистон бо номи “Дар остонаи фурӯпошӣ” мунташир шудааст. Дар ин мақола ба густариши муборизот барои қудрат дар миёни “клан” ё “хонаводаҳо” дар ин кишвар ишора шудааст.

/images/stories/2012/03/24_muhammad_solih_24312.jpgМуҳаммад Солеҳ навиштааст: “Дар ҳукумат ягон нафар ба барқарории режим бовар надоранд. Ҳеч масъули давлатӣ ба ояндаи худ эътимод надорад. Масъулони давлатӣ, ки мӯҳраҳои мошини фасодзада ҳастанд, танҳо ба хотири имрӯз зиндагӣ карда ва барои пур кардани ҷайбҳои худ аз моли давлат талош мекунанд.”

Ба гуфтаи раҳбари ҳизби “Эрк”, ба муддати 15 сол зиндонӣ шудани Равшан Муҳиддинов, мушовири давлатии пешини Ӯзбакистон, “бори дигар собит кард, ки дар давлати феълӣ ҳеч нафар аз чунин сарнавишт дар амон нахоҳад буд.”

Равшан Муҳидднови 48-сола моҳи июни соли гузашта ба симати мушовири давлатӣ дар умури ҳамоҳангсозии фаъъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният мансуб шуда, аммо дар моҳи гузашта ба иттиҳоми даст доштан дар ҷароими сангини иқтисодӣ, бахусус, сӯъиистифода аз мақоми хидматӣ ва фасод боздошт шуд.

Ба иддаъои Муҳаммад Солеҳ, ин вазъият ахиран раҳбари Хадамоти Амнияти Миллӣ ва вазири умури дохилаи Ӯзбакистонро ба навиштани дархости истеъфо водор карда, аммо Президент Каримов истеъфои онҳоро напазируфтааст.

Ба навиштаи оқои Солеҳ “Ҳоло ”хонаводаҳо”-и Фарғонаю Самарқанд нуфузи чандоне надоранд. Дар саҳна танҳо “хонавода”-и Тошканд боқӣ мондааст. Ҳамакнун миёни гурӯҳҳои ин “хонавода” барои расидан ба қудрат муборизот шиддат гирифтааст.”

Муҳаммад Солеҳ меафзояд: “Президент Каримов дар мавриди вориси худ ба натиҷае расида ва Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазири Ӯзбакистонро ба ин мақом зери назар гирифтааст. Ба эътиқоди Ислом Каримов, оқои Азимов дар мавриди таъйини духтараш Гулнора ба мақоми нахуствазирӣ таҳаммулпазир аст. Оқои Мирзиёев, нахуствазири феълӣ ҳокими вилояти Тошканд хоҳад шуд.”

Муҳаммад Солеҳ менависад, ин иттилоъро аз “дасти аввал” гирифта ва бо намояндагони “хонаводаҳо”-и Ӯзбакистон дар тамос будааст. Дар ҳамин ҳол, бахши ӯзбакии Би-би-сӣ аз Муҳаммад Солеҳ пурсидааст, ки дар солҳои қаблӣ низ иддаъоҳо дар бораи имкони фурӯпошии режими Каримов буда, аммо ин ҳодиса иттифоқ наафтодааст.

Вале ба гуфтаи оқои Солеҳ: “Режими кунунии Ӯзбакистон дар дохил заъиф буда, аммо то ҳол барқарор мондааст. Далелаш бароям рӯшан нест. Шояд дар дохил нерӯе, ки режимро такон диҳад, вуҷуд надорад.”

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi