19:38:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗАЛМАЙ РАСУЛ ДАР ҚАТАР. АЗ ДАФТАРИ ТОЛИБОН ТО СУЛҲ

Вазири хориҷаи Афғонистон бо мақомоти Қатар дар хусуси эҷоди дафтари Толибон сӯҳбат хоҳад кард.

/images/stories/2012/04/02_zalmay-rasul-2412.jpgЗалмай Расул  имрӯз, 2-юми апрел вориди Қатар шуда ва рӯзи сешанбе бо мақомоти он кишвар гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, Залмай Расул бо мақомоти Қатар рӯи мавзӯи сулҳ бо Толибон ва таҳкими равобити Афғонистон бо Қатар сӯҳбат мекунад.

Атоуллоҳ Лудин, муовини раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, раиси дорулиншои Шӯрои олии сулҳ низ дар ин сафар вазири хориҷаи Афғонистонро ба Қатар ҳамроҳӣ мекунад.

Сафари Залмай Расул ба Қатар дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳудуди ду ҳафта пеш гурӯҳи Толибон аз тавқифи гуфтугӯҳояшон бо Амрико хабар доданд. Ба гуфтаи Толибон, раҳо нашудани зиндониёнашон аз Гуантанамо ва адами эҷоди дафтар барои онҳо дар Қатар сабаб шуд, то раванди гуфтугӯ бо мақомоти Амрикоро мутаваққиф созанд.

Дар як эъломияи Толибон гуфта шуда буд, то замоне ки хостаҳояшон аз сӯи Иёлоти Муттаҳида бароварда нашавад, барои азсаргирии гуфтугӯ бо он кишвар ҳозир нестанд.

Вале мушовири байналмилалии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Муҳаммад Исмоил Қосимёр дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ дар мавриди раҳоии панҷ зиндонии толиб аз Гуантанамо хабар дод. Як мақоми собиқи Созмони Милал дар Афғонистон ва коршиноси умури сиёсӣ Муҳаммад Умар Софӣ дар ин маврид гуфт, ин идда аз Толибон на танҳо нақши муҳимро дар музокироти сулҳ бозӣ мекунанд, балки хоҳони мусолиҳа низ мебошанд.

Бар асоси як хабари дигар, мақомоти бритониёӣ аз идомаи талошҳояшон ҷиҳати музокира бо Толибон иттилоъ додаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi