23:55:59 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СОЛЕҲӢ: "ЭРОН АЗ БАРНОМАИ ҲАСТАИЯШ ДАСТ НАМЕКАШАД"

 

Эрон мегӯяд, бо вуҷуди таҳримҳо алайҳи ин кишвар, аз барномаи ҳастаияш даст нахоҳад кашид.

/images/stories/2012/04/05_solehi_5412.jpgАлӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи сешанбе ба хабаргузории расмии Эрон - ИРНА гуфтааст, таҳримҳо алайҳи кишвараш шояд мушкилоти кӯчакро барои онҳо эҷод кунад, аммо Эрон ба роҳаш идома хоҳад дод. Вазири умури хориҷии Эрон дар идома гуфтааст: «Мо душманони худро кам намегирем, бидуни дарназардошти ин ки онҳо то чӣ ҳад заиф ва забун ҳастанд.»

Оқои Солеҳӣ гуфтааст, ки мақомоти Эрон ба шумули  раҳбари мазҳабӣ, раиси ҷумҳур, Сипоҳи посдорон ва нерӯҳои басиҷ ба таври комил ҷараёни авзоъро зери назар доранд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон, мардуми кишвараш низ омодагӣ доранд, то аз ҳар дастоварди Эрон дифоъ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико гуфта буд, ки ҳамоиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон дар таърихи 13-14 апрел дар Истанбул сурат хоҳад гирифт. Вале сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд ба дунбол гуфт, ки то ҳоло наметавонад бигӯяд, ки Эрон ин таърихро барои музокирот пазируфтааст ё хайр.

Кишварҳои Олмон, Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин талош доранд то аз роҳи гуфтугӯ Эронро ба ҳамкорӣ барои бартараф кардани нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар хусуси барномаи ҳастаии ин кишвар тарғиб кунанд.

Охирин даври музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 ва бо мизбонии Истанбул бидуни дастёбӣ ба натиҷае дар моҳи январи соли 2011 анҷом шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi