21:13:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ТОҶИРИ МАРГ» БА 25 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Қозии як додгоҳ дар Омрико Виктур Бут, як даллоли аслиҳаро, ки "тоҷири марг" низ хонда мешавад, ба 25 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар ҷараёни ҷаласаи расидагӣ ба парвандаи оқои Бут, вақте додситон гуфт, ки "куштани омрикоиҳо" далели фурӯши аслиҳа аз сӯйи муттаҳам будааст, оқои Бут, ки аз афсарони шӯравии собиқ аст ва мутаваллиди Тоҷикистон аст, фарёд зад: "Инҳо дурӯғ аст."

/images/stories/2012/04/06_viktor_bout_6422.jpgӮ, ки 45 сол дорад, дар моҳи ноябри гузашта ба ҷурми иқдом барои фурӯши таслиҳоти сангин ба як гурӯҳи куломбиёӣ низ маҳкум шинохта шуд. Ӯ дар соли 2008-и мелодӣ дар Бонкук ва дар ҷараёни амалиёте боздошт шуд, ки дар он хабарчинҳои Омрико худро ба ҷойи шӯришиёни куломбиёӣ ҷо зада буданд.

Фаъъолиятҳои Виктур Бут илҳомбахши коргардони филми "Арбоби ҷанг" будааст. Ин филм дар соли 2005-и мелодӣ ва бо ҳузури Никулос Кейҷ сохта шудааст. Виктур Бут барои ду сол дар Тойланд дар боздошт буд ва баъд барои муҳокима ба Омрико мустарад шуд.

Худо воқеъиятро медонад

Бут, ки гиёҳхор аст ва ба шаш забон суҳбат мекунад, дар поёни ҷаласаи додгоҳаш дар Омрико дар рӯзи панҷшанбеи панҷуми апрел, вакилашро дар оғӯш гирифт ва аз дур барои ҳамсарш даст такон дод.

Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ ба забони русӣ ҳарф зад ва як мутарҷими ҳамзабон изҳороти ӯро барои ҳозирон тарҷума мекард. Оқои Бут ба қозии додгоҳ гуфт, ки ӯ "ҳеч вақт ба дунболи куштани ҳеч кас набудааст." Ӯ изофа кард: "Худо медонад, ки ин воқеъият дорад."

Пеш аз ин судури ҳукми додгоҳи оқои Бут ду бор ақиб уфтода буд, чун вакили ӯ дархост карда буд, ки вақти бештар барои омода кардани дифоъияаш дар ихтиёр дошта бошад. Олберт Доён, вакили оқои Бут, баъд аз судури ҳукми рӯзи панҷшанбе гуфт, ки дархости таҷдиди назар хоҳад кард.

Ҳукме, ки алайҳи оқои Бут содир шудааст, танҳо ба иқдомоти ӯ дар Тойланд барои фурӯши аслиҳа марбут мешавад ва мақомоти расмии Омрико гуфтаанд, ки ӯ ба диктотурҳо ва нерӯҳои пайкорҷӯ дар Офриқо, Омрикои Ҷанубӣ ва Ховари Миёна низ аслиҳа фурӯхтааст.

Бо ин ҳол, дар ҷараёни ҷаласаи расидагӣ ба ин парванда, вакили оқои Бут гуфт, ки ӯ танҳо ба дунболи фурӯҳи ду ҳавопаймои борӣ ба қимати 5 милюн дулор будааст. Ӯ гуфт: "Виктур онҳо (ҳавопаймоҳо)-ро бо ваъдаи фурӯши аслиҳа ҳамроҳ карда буд ва мехост, ки фақат ҳавопаймояшро ба фурӯш бирасонад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi