14:00:07 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

CУРИЯ. БЕШ АЗ 150 КУШТАИ ДАРГИРИҲОИ РӮЗИ ШАНБЕ

Шӯрои умумии инқилоби Сурия шумораи кушташудагони даргириҳои рӯзи шанбе дар ин кишварро ҳади ақал 156 нафар эълон кард.

/images/stories/2012/04/08_suria-8412.jpgИн дар ҳоле аст, ки аз замони таъйин шуда барои хориҷ кардани нерӯҳои давлатии Сурия аз манотиқи аҳолинишин, ду рӯз бештар боқӣ намондааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар интизори гузориши 11-уми апрели Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб ба Сурия аст.

Бар пояи эъломи Шӯрои умумии инқилоби Сурия, рӯзи шанбе дастикам 156 нафар дар манотиқи мухталифи ин кишвар кушта шудаанд, ки беш аз 70 нафари онҳо аз шаҳри Аллатомана, дар наздикиҳои Ҳимо ҳастанд. Дар ин даргириҳо се хонавода ба таври комил кушта шуданд ва дигарон бар асари гулӯлаборони танкҳои артиши Сурия ҷони худро аз даст додаанд.

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз фаъолони суриягӣ гузориш дод, ки 12 тан аз кушташудагон хонаводаи як афсари ҷудошуда аз артиши Сурия ҳастанд. Филми видеоии аксҳои кушташудагон дар шабакаи интернет мунташир шудааст.

Ҳамчунин даҳҳо нафар дар гулӯлаборони шаҳрҳои вилоятҳои Ҳалаб ва Адлаб кушта шуданд. Бинобар эъломи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои давлатӣ ба шаҳри Ариҳо, дар вилояти Адлаб ҳамла карда ва даҳҳо манзилро ба оташ кашиданд. Шаҳри Ал-Маёдин дар наздикиҳои Дайр-аз-Зур низ шоҳиди ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ва дастгирии даҳҳо тан аз аҳолӣ буд.

Гузоришҳои мунташиршуда аз шаҳри Ҳимс ҳам аз гулӯлаборони шадиди манотиқи мухталифи шаҳр ҳикоят дорад. Ин гулӯлаборон, ки аксҳои он дар шабакаи интернет пахш шудаанд, даҳҳо кушта ва захмӣ дар пай доштааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия аз моҳи марти соли гузашта то кунун ба камияш 9 ҳазор нафар кушта шудаанд. Вале давлати Сурия мегӯяд, дар ин муддат 6 ҳазор нафар, аз ҷумла бештар аз 2 ҳазору панҷсад низомӣ ба ҳалокат расидаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi