05:36:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АШТОН: "МУЗОКИРОТИ ҲАСТАӢ ДАР ТУРКИЯ БАРГУЗОР МЕШАВАД"

Сухангӯи Кетрин Аштон эълом кард, ки музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Истанбул баргузор мешавад.

/images/stories/2012/04/09_ashton-9412.jpgБа гузориши "Ройтерз" сухангӯи масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Кетрин Аштон, гуфт, “мо тавофуқ кардем, ки гуфтугӯҳо дар рӯзи 14-ми апрел дар Туркия баргузор шавад.” Ӯ афзуд, “умедворем ин нахустин давр аз гуфтугӯҳо фазое созанда барои пешрафти воқеӣ фароҳам кунад, ҳадафи мо, албатта, пешрафти пойдор аст.”

Телевизиони "Press TV"-и Эрон ҳам гуфт, музокирот бо намояндагони Амрикову Бритониё, Фаронса, Чину Русия ва Олмон дар Истанбул сурат мегирад. Эрон ва кишварҳои ғарбӣ пештар дар бораи маҳалли баргузории музокирот баёнияҳои зиддунақизе нашр мекарданд, ки шакку шубҳаҳоро дар бораи умуман баргузор шудани нишаст ба вуҷуд овард.

Дар оғоз Теҳрону Анқара ҳарду ба баргузории музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 дар Истанбул розӣ буданд, то ин ки шуморе аз мақомҳои эронӣ ва намояндагони маҷлис гуфтанд, ки Туркия "интихоби беҳтар" нест.

Ин изҳорот ба хашми Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия сабаб шуд ва ӯ тайи суханони шадидуллаҳне Эронро ба "бесадоқатӣ" муттаҳам кард. Нахуствазири Туркия афзуд: “Мо бояд рӯйирост бошем, зеро ба хотири адам (надоштан)-и садоқати эрониҳо, онҳо ҳамин тавр обрӯи байналмилалии худро аз даст медиҳанд."

Ба қавли нахуствазири Туркия “ин забони дипломатӣ нест, исми ин чизи дигаре аст, аммо ман инҷо наметавонам бигӯям."

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад зери пардаи барномаҳои сулоҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоҳоро борҳо рад кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi