22:31:13 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"МАРДУМИ ЭРОН НОН ВА ПЕШРАФТ МЕХОҲАНД, НА БОМБАИ ҲАСТАӢ"

Таниши Ҷумҳурии исломии Эрон бо Ғарб бар сари барномаи ҳастаии Теҳрон солҳо боз идома дорад. Назари ҷонибҳои баҳс низ маълум аст ва гумон аст, ки касе дидгоҳашро дастикам дар дурнамои наздик иваз кунад.

/images/stories/2012/04/11_iran-1112.jpgКишварҳои ғарбӣ бар ин боваранд, ки Эрон дар зери либоси фаъолиятҳои ҳастаӣ қасди сохтани силоҳҳои ҳастаиро дорад ва бояд аз таъқиби ин барномаҳои баҳсбарангезаш даст кашад. СММ дар масъалаи ғанисозии уран, ки Эрон пеш мебарад, бо қудратҳои ғарбӣ назари ҳамсон дорад ва то имрӯз 4 давра таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон эъмол кардааст.

Дар Теҳрон аммо мӯътақиданд, ки таъқиби фаъолиятҳои ҳастаӣ ҳаққи бунёдии ҳар кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии исломист. Мақомоти Эрон мегӯянд, барномаи ҳастаии ин кишвар комилан сулҳомез аст ва ҳадафи зеризаминие ба ҷуз аз тавлиди нирӯи барқ надорад.

Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ дар моҳи ноябр гузорише нашр кард, ки табиати сирф сулҳомези барномаи ҳастаии Эронро зери шубҳа мегузорад. Амрико мегӯяд, то ҳол ба ҳалли қазияи ҳастаии Эрон аз роҳҳои дипломатӣ бартарӣ медиҳанд, вале фурсати чунин шеваи ҳалли масъала бепоён нест.

Аммо оё мардуми оддӣ дар худи Эрон ба ин баҳсҳои ҳастаӣ чӣ назар доранд? Аз паёмҳои расида ба паёмгири Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, маълум мешавад, нигоҳи ин мардум чандон яксон набудааст.

Як марди эронӣ бидуни бурдани ном бо хитоб ба раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ мегӯяд, аз фаъолиятҳои ҳастаӣ дида, бештар фикри таҳияи нони ҳаррӯзаи мардумро кунанд. Ӯ бо сароҳат мегӯяд, ки мардум дар Эрон нон ва пешрафт мехоҳанд, на бомби ҳастаӣ ё нирӯи барқи ҳастаӣ.

Як ронандаи эронӣ баръакс ба раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хитоб мекунад, ки ба табиати сулҳомези барномаи ҳастаии кишвараш беҳуда шакк мекунад. Ӯ ин суолро матраҳ кардааст, ки чаро таъқиби барномаи ҳастаиро ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Аврупо қоил ҳастанд, аммо ба Эрон на.

Нафари дигар бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мегӯяд, заҷри таҳримоти эъмолшуда болои Эронро мардуми оддӣ мекашад, на соҳибони феълии ин давлат. Ин баҳсҳо дар ҳолест, ки талошҳо барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва гурӯҳи 5+, ки 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ бо иловаи Олмонро дар бар мегирад, идома доранд.

Баҳс феълан бар сари макони ин музокирот аст. Аврупо барои ин Истамбулро пешниҳод кардааст. Вале Теҳрон инро намепазирад. Ба назари таҳлилгарон, як сабабаш ҳам нороҳатии мақомоти Эрон аз мавзеъгирии Туркия дар қиболи буҳрони Сурия аст. Эрон аз муттаҳидони калидии режими Башор Асад маҳсуб мешавад, вале Туркия баръакс аз мухолифини Асад ҳимоят мекунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi