05:54:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАРҲИ МАХФИИ НОЗОЙ СОХТАНИ ЗАНОН ДАР ӮЗБАКИСТОН

Дар Ӯзбакистон иҷрои тарҳи махфии ақим ё нозой кардани занон, ки бидуни хоҳиш ё огоҳии онҳо анҷом мешавад, оғоз шудааст.

/images/stories/2012/04/11_uzbek_women_steril-1112.jpgНаталӣ Антилава, хабарнигори Би-би-сӣ, ки ин мавзӯъро таҳқиқ мекард, аз Ӯзбакистон ихроҷ шуда ва ҳоло аз манотиқи марзии Қазоқистон бо Ӯзбакистон ин масъаларо пайгирӣ карда ва бо чанд зани осебдида дидор кардааст. Бар асоси таҳқиқоте, ки Би-би-сӣ анҷом додааст, мушаххас шудааст, дар Ӯзбакистон ба таври муназзам иқдомоте барои нозой сохтани занҳо анҷом мешавад.

Табибон ва фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон ҳадаф аз ин иқдоми давлати ин кишварро навъи муқобала бо афзоиши сареъи ҷамъияти Ӯзбакистон марбут хондаанд. Ба гуфтаи кормандони бахши беҳдошти Ӯзбакистон, аз соли 2009 бемористонҳои ин кишвар дар ҳар моҳ 4 зани шаҳрӣ ва 32 зани рустоиро аз роҳҳои тиббӣ ақим ё нозой мекунанд.

Табибон мегӯянд, таҳти фишори шадиди ниҳодҳои давлати Ӯзбакистон маҷбур ҳастанд ин корро анҷом диҳанд. Тибқи иттилоъи як созмони ғайридавлатии Тошканд бар асоси мутолиъаи он дар муддати 7 моҳи соли 2010 80 ҳазор зан аз тариқи амали ҷарроҳӣ ақим ё нозой шудаанд.  Имкони расидагӣ ба сиҳатии ин арқом вуҷуд надорад, аммо теъдоди зиёди табибон, занҳо ва фаъолон ин ҳодисаро таъйид мекунанд...

Дар посух ба дархости Би-би-сӣ барои шарҳи ин ҳодиса, давлати Ӯзбакистон гуфт, ин иддаъо воқеъият надорад. Вале шавоҳиде, ки Би-би-сӣ гирд овардааст, ба воқеъияти ин ҳодиса ишора мекунад...

Як зани ҷавон, ки зоймони ӯ аз тариқи амали ҷарроҳӣ сурат гирифтааст, гуфт, ки рӯзи дигар дар бораи ақим шуданаш хабар додаанд. Пас аз як рӯз фарзанди навзоди ӯ фавт кардааст. Ин зани ҷавон 24 сол дошта ва акнун ӯ ҳеч гоҳ соҳиби фарзанд нахоҳад шуд, мегӯяд Наталӣ Антилава.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi