02:08:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЛИРИЗО БИҲИШТӢ МУШОВИРИ МУСАВӢ БОЗДОШТ ШУД

Як рӯз пас аз иқдоми маъмурони амниятӣ дар бастани дафтари Кумитаи пайгирии вазъияти зиндониён ва осебдидагони ҳаводиси ахир, ки ба Мирҳесейн Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ вобаста аст, акнун хабар мерасад, ки Алиризо Биҳиштӣ сухангӯйи ин кумита низ дастгир шудааст.

Манобеъи хабарӣ наздик ба ислоҳталабон пештар аз боздошти Муртазо Алвирӣ, дигар узви ин кумита ва мушовири Меҳдии Каррубӣ хабар дода буданд. Алиризо Биҳиштӣ ва Муртазо Алвирӣ намояндагони Мирҳусейн Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ дар Кумитаи пайгирии вазъияти зиндониён ва осебдидгони ҳаводис пас аз интихобот ҳастанд ва яке аз маъмуриятҳои умдаи онҳо ҷамъоварии асомии кушташудагон ва боздоштиҳо будааст. Ин дастгириҳо тозатарин гоми ҳукумати Эрон алайҳи мухолифон аст ва ба нигарониҳои муътаризон нисбат ба эҳтимоли боздошти раҳбарони ислоҳталабон доман задааст.

Баста шудани дафтари Ҳизби Эътимоди Миллӣ таҳти Ҳидояти Меҳдии Каррубӣ ва сойти "Саҳҳом нюз" вобаста ба ин ҳизб дар рӯзи сешанбе аз дигар иқдомоти давлат алайҳи мухолифон буд. Гуфта мешавад, ки Муҳаммад Доварӣ, сардабири "Саҳҳом нюз", низ тавассути маъмурон боздошт шудааст.

Ба гузориши вебсойти "Мавҷи сабзи озодӣ" оқои Биҳиштӣ рӯзи сешанбе тавассути маъмурони амниятӣ ва бо ҳукми додситони ҷадиди Теҳрон боздошт шуд. Алиризо Биҳиштӣ фарзанди Муҳаммади Биҳиштӣ аввалин раиси дастгоҳи қазоӣ дар даврони ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ аст.

Оқои Биҳиштӣ пеш аз боздошт хабар дода буд, ки маъмурони амниятӣ шомгоҳи душанбе вориди дафтари Кумитаи пайгирии авзоъи боздоштиҳо ва осебдидагон шуданд ва асноду мадорик ва як лаптопи мавҷуд дар ин дафтарро бо худ бурданд. Ба гуфтаи вай, қарор буд маъмурон аз сӯйи додситонӣ барои тарҳи бархе суолот ва гуфтугӯ бо масъули кумита ба ин маҳалл муроҷеъа кунанд, аммо пас аз вуруд, ҳукме дар мавриди интиҳоли мадорикро ироа доданд.

Ахиран ин кумита тайи гузорише асомии ҳафтоду ду тан аз касонеро, ки дар ҷараёни тазоҳуроти муътаризон ва ё дар замони боздошт ба қатл расидаанд, интишор дод. Ин гузориш ҳовии ҷузъиёте дар мавриди наҳваи кушта шудани ин афрод ба дасти маъмурони давлатӣ аст ва бар асоси муроҷеъаи хонаводаи қурбониён ва шавоҳиди ба дастомада тадвин шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi