03:10:22 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

РУСИЯ ВА ЧИН АЗ ХУРУҶИ НАТО АЗ АФҒОНИСТОН НИГАРОНАНД

Вазири умури хориҷии Русия аз тарҳи хуруҷи нерӯҳои низомии НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 интиқод кард ва таъкид намуд, ки Чин низ дар ин маврид нигаронӣ дорад.

/images/stories/2012/04/20_sergey-lavrov_20412.jpgСергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе баъд аз нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви паймони НАТО дар Бруссел, зимни як нишасти хабарӣ дар мавриди рӯшан набудани тарҳи маъмурияти НАТО ибрози нигаронӣ кард.

Оқои Лавров дар ин нишасти хабарӣ гуфт, "Нерӯҳои амниятии афғон ба танҳоӣ қодир ба таъмини амнияти кишварашон нестанд. Таърихи хуруҷи нерӯҳо замони дуруст нест. Зимнан шарикони осиёимиёнагии мо низ дар ин маврид нигаронанд. Чин ва баъзе аз кишварҳои дигар низ чунин суолотеро матраҳ мекунанд."

Вай гуфт: "То замоне, ки нерӯҳои амниятии афғон қодир ба таъмини амнияти кишварашон нашаванд, дуруст нест пеш аз он, барои хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон таърихи маснуъӣ таъйин шавад.»

Аммо Фог Расмуссен, муншии умумии НАТО арзёбии вазири умури хориҷии Русияро дар ин маврид рад кард ва таъкид намуд, ки раванди интиқол дақиқан аз ҷониби Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон омода ва бо мувофиқаи ӯ сурат гирифтааст.

Вай афзуд: «Соли 2014 таърихи маснуъӣ набуда бо диққат таъйин шуда ва бо шарикони афғонӣ мо дар бораи бораи он гуфтугӯ ва мувофиқат сурат гирифтааст.»

Маскав, ки аз ҳамлаи шӯравии собиқ ба Афғонитон хотираи талх дорад, рад кард, ки бо нерӯҳои ба раҳбарии НАТО ба маъмурияти Афғонистон бипайвандад. Аммо аз пешниҳоди барои интиқоли маводи икмолоти аз хоки Русия ҳимоят кардааст.

Оқои Расмуссен пешниҳод кард, ки Русия дар сармоягузории нерӯҳои амниятии афғон баъд аз соли 2014 метавонад кӯмак кунад. Вай афзуд, ки онҳо аз кӯмакҳои Русия, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон истиқбол мекунанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, будҷаи солонаи нерӯҳои амниятиии ин кишвар бештар аз 4 миллиард доллар тахмин зада мешавад. Аммо ҳукумати Афғонистон танҳо метавонад 500 миллион доллари онро таҳия кунад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi