09:16:57 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶУЗЪИЁТИ ТОЗА АЗ СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ПОКИСТОН

Мақомҳои покистонӣ мегӯянд, ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймое, ки рӯзи ҷумъа бо 127 сарнишин дар минтақаи маскунии фурудгоҳи байналмилалии Исломобод суқут кард, пайдо шудааст. Фархуд Иқбол, раиси дафтари тавсеъаи пойтахти Покистон, ки ҷустуҷӯи бозмондагонро ба ӯҳда дорад, гуфт, ин ҷаъба ба дасти мақомҳои марбута дода хоҳад шуд, то баррасии бештар рӯйи он анҷом гирад.

/images/stories/2012/04/22_pakistan_crash_22412.jpgӮ, ҳамчунин, гуфт, ҷустуҷӯ барои бозмондагон мутаваққиф шуда, аммо рӯзи шанбе аз сар гирифта хоҳад шуд. Ба гуфтаи оқои Иқбол, 154 кисаи ҳовии қитъаоти аҷсод гирдоварӣ шуда, ки барои шиносоӣ ба бемористон интиқол дода хоҳад шуд. Ҳавопаймои ширкати ҳавоии Буҷо Эйр аз Карочӣ роҳии Исломобод буд ва дар шароити бади ҳаво дар рустои Ҳусайнобод дар наздикии фурудгоҳ суқут кард.

Ҳамчунин, рӯзи ҷумъа Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳурии Покистон, аз суқути ин ҳавопаймо ибрози нороҳатӣ ва таассуф кардааст. Ӯ ба тамомии мардуми ин кишвар тасаллият гуфта ва аз ургонҳои муртабит хоста тамомии нерӯи худро бар расидагӣ ба ин мавзӯъ мутамаркиз кунанд. Бар асоси гузоришҳо ин ҳавопаймо эҳтимолан Буинг-737 буда ва 118 мусофир ва 9 хадама сарнишини он будаанд.

Ин ҳавопаймо соъати 17.00 ба вақти маҳаллӣ (12.00 ба вақти Гринвич) дар рӯзи ҷумъа 20 апрел, Карочиро тарк кард ва қарор буд дар соъати 18.50 (13.50 ба вақти Гринвич) дар Исломобод фуруд ояд, аммо лаҳазоте қабл аз фуруд суқуқт кард. Фозил Акбар, яке аз мақомҳои пулис ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки ҳавопаймо комилан аз байн рафтааст ва агар касе наҷот ёфта бошад, мӯъҷиза шудааст.

Аҳмад Мухтор, вазири дифоъи Покистон гуфтааст, ки ин ҳавопаймо пеш аз суқут оташ гирифтааст. Пештар Сайфур Раҳмон, аз тими имдодгарони пулис ба телевизиюни Ҷу Ти Ви дар Покистон гуфт: “Ҳавопаймо пас аз суқуқт оташ гирифт ва лошаи он дар ҳоли сӯхтан аст.Ин ҳавопаймо комилан аз байн рафтааст.”

Ҳорун Наҷафизода, хабарнигори Би-би-сӣ дар Покистон мегӯяд, ки бештари сарнишинони ин ҳавопаймо покистонӣ будаанд ва бемористонҳои Исломободу Ровилпиндӣ ба ҳоли омодабош даромадаанд. Ширкати ҳавопаймоии Буҷо пас аз он ки даврае ба далели мушкилоти молӣ таътил шуд, як моҳ пас кори худро аз сар гирифт.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi