08:53:00 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28 29
30            

ИНТИХОБОТИ ФАРОНСА ҒОЛИБРО МУАЙЯН НАКАРД

Ду номзад ба даври дигаре аз интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса роҳ ёфтанд. Бино бар натиҷаи пешакии расмӣ дар интихоботи президентии Фаронса рӯзи якшанбе номзади сотсиалистҳо Франсуа Ҳолланд бо 27,5 дарсади раъйҳо пешсаф буда, раисиҷумҳури феълӣ, муҳофизакор Николас Саркозӣ 26,6 дарсад раъй гирифтааст. Ҳарду номзад рақобатҳоро дар даври дувуми интихобот рӯзи 6-уми май идома хоҳанд дод.

/images/stories/2012/04/23_sarkazi-23412.jpgИн дар ҳолест, ки танҳо сеяки баргаҳои раъй шумурда шудаанд. Бо нашри ин иттилоъ Ҳолланд ба издиҳоми тарафдоронаш гуфт: Ин шом ман дар даври аввали сабқат пешсаф шудам. Ин нишони эътимод ба барномаҳоест, ки ман ба мардуми Фаронса пешниҳод кардам. Инҳо, эҳёи адолат, молияи дақиқ, рушд ва шуғли аҳолист. Коҳиши қарз, ҳимояти саноати мо, таблиғи арзишҳои ҷумҳурӣ.

Номзади гурӯҳҳои дастиростӣ Мари Ле Пен дар ҷои савум буда, 20 дарсад раъй гирифтааст. Гуфта мешавад, дар раъйдиҳӣ зиёда аз 80 дарсади интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Хонум Ҷеневив Балдӣ-баъд аз андохтани баргаи раъй ба сандуқ гуфт, вай бояд раъй диҳад: “Бале, ман бояд раъй диҳам. Вале ман бовар надорам, ки бо дилгармӣ ин корро мекунам. Ман каме муросокор ҳастам, барои он ки воқеан интихоби дигар надорем. Барои ҳамин ҳар кас бояд ба номзади дилхоҳи худ рай диҳад.“

​​Агар дар даври дуввуми интихобот Франсуа Ҳолланд бар Никола Саркаозӣ-раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шавад, дар он сурат баъд аз соли 1995 бори аввал номзади сотсиалистҳо ба курсии раёсати ҷумҳурӣ хоҳад нишаст. Соли 1995 сотсиалист Франсуа Миттеран ин курсиро тарк карда буд. Нуктаи дигар ин аст, ки дар сурати пирӯзии Ҳолланд, дар 30 соли ахир бори аввал раиси ҷумҳури сари кор ба номзади нав муборизаро хоҳад бохт.

Дар ҷараёни маъракаи пеш аз интихоботӣ Никола Саркозӣ ба чолишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд ва маҷбур буд ба унвони раҳбари Фаронса аз мавзеъгирии худ дар баробари бӯҳрони қарзи Аврупо ва фазои душвори иқтисодӣ дифоъ кунад. Франсуа Бейро-номзади дигар ва вазири маорифи пешин дар даври дуввуми интихобот метавонад нақши муҳим бозӣ кунад. Ин бад-он маъност, ки вай ҷонибдорони худро ба ҳимояти кадом номзад равона хоҳад кард.

Таҳлилгарон мегӯянд, аз натиҷаҳои интихоботи кунунӣ таркиб ва самтгирии ҳукумати ояндаи Фаронса хеле бастагӣ хоҳад дошт. Қарор аст моҳи июн дар Фаронса интихоботи порлумонӣ низ баргузор шавад.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi