23:40:32 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

АБДУЛЛОҲ: "КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ МУСТАҚИЛ НЕСТ"

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби умдаи Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, гуфтааст, ки ниҳоди баргузоркунандаи интихобот таҳти таъсири раиси ҷумҳур Карзай қарор дорад.

Оқои Абдуллоҳ дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки Кумисиюни интихоботи Афғонистон аз раиси ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад. Аз се ҳафта пеш ва хотимаи раъйгирӣ дар дувумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз замони суқути режими Толибон, иддаъоҳо ва шикоятҳо дар мавриди бурузи тақаллуб дар интихобот рӯ ба афзоиш будааст. Бо эъломи натоиҷи шумориши 91 дарсад аз орои рехташуда ба сандуқҳои ахзи раъй, оқои Карзай беш аз панҷоҳ дарсади ороро ба даст овардааст.

Ба ин тартиб, бо касби аксарияти мутлақи оро тавассути раиси ҷумҳурии кунунӣ, ниёзе ба баргузории марҳилаи дувуми интихобот нахоҳад буд. Дар айни ҳол, қабл аз он ки натоиҷи ниҳоии интихобот расман эълом ва таъйид шавад, бояд ба садҳо мавриди шикоят аз тақаллуб дар интихобот расидагӣ шавад.


"Раҳбари ғайриқонунӣ"

Ин нахустин бор аст, ки дуктур Абдуллоҳ, иддаъои вобастагии Кумисиюни интихобот ба рақиби аслии худ, Ҳомиди Карзайро, матраҳ мекунад. Оқои Абдуллоҳ дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ, бо лаҳни тунде гуфт, ки интихобот аз мардуми Афғонистон дуздӣ шуда ва Кумисиюни мустақили интихобот "мустақил" нест. Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Ин (кумисиюн) аслан мустақил нест, аз раиси ҷумҳур Карзай ҷонибдорӣ мекунад"

Ӯ афзуд: "Ин (кумисиюн) фосид будааст ва бадрафториҳои он ҳоло зиёд шуда. Ман фикр мекунам, ки ин ба суди кишвар нест, ки касе ки ба тақаллуби густарда даст зада, кшварро барои панҷ соли дигар раҳбарӣ кунад."

Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Ман танҳо дар мавриди ҳомиёни худ суҳбат намекунам, дар мавриди касоне ҳам суҳбат мекунам, ки ба оқои Карзай раъй доданд." Вай афзуд: "Раъйи онҳо ҳоло бахше аз тақаллуб аст ва дар садри он як натиҷаи тақаллубӣ: ғайриқонунӣ барои панҷ соли дигар."

Бо ин ҳол, оқои Абдуллоҳ гуфт, ки ӯ ҳанӯз тарафдори ба даст омадани натоиҷи одилона аз тариқи роҳҳои сулҳомез аст. Авоили ин ҳафта, Кумисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, дар нахустин вокуниши худ нисбат ба иддаъои тақаллуб дар интихобот гуфт, ки кумисиюни интихобот бояд тамомии ороеро, ки дар мавриди саломати онҳо тардид вуҷуд дорад, бозшуморӣ кунад. 

Қарор буд натоиҷи ниҳоии интихобот дар моҳи ҷорӣ эълом шавад, аммо ба назар мерасад баррасӣ ва расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ , эъломи натоиҷи ниҳояти интихоботро бо таъхир рӯбарӯ хоҳад сохт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi