01:07:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИХОБИ ЯКЕ АЗ БАЙНИ ДУ. САРКОЗӢ Ё ҲОЛЛАНД?

Рӯзи якшанбеи 6 май фаронсавиҳо дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, аз байни ду номзад якеро интихоб хоҳанд кард. Коршиносон имкони пирӯзии Франсуа Ҳолландро баланд арзёбӣ намуда, тахмин мезананд, ки барои аввалин бор дар тӯли 20 соли гузашта, пешвои сотсиалистони Фаронса ба сари қудрат меояд.

/images/stories/2012/05/04_sarqozi-holland_4512.jpg

Агар пешбиниҳо дуруст бароянд, рӯзи якшанбе дар даври дуюм ва ниҳоии интихоботи президентии Фаронса раиси ҳизби сотсиалист Франсуа Ҳолланд бар рақибаш-раисиҷумҳури феълии ин кишвар Николас Саркозӣ дастболо хоҳад шуд. Дар даври аввал ҳам Ҳолланд бо беш аз 28,5 дарсади раъйҳо, Саркозиро дар ҷои дуюм гузошта буд.

Кристиан Макариан, сармуҳаррири ҳафтаномаи фаронсавии “Экспресс” мегӯяд, Ҳолландро мардум хуб намешиносанд, вале раъйдиҳандагон аз ҳукуматдории Саркозӣ хаста шудаанд: “Ба фикрам мо бояд пирӯзии эҳтимолии Франсуа Ҳолландро ҳамчун эътироз ба Саркозӣ баррасӣ намоем. Қабл аз он, ки мо дар бораи пуштибонӣ аз номзади ҳизби сотсиалист ҳарф занем, ба фикрам мо бояд хотирнишон кунем, ки ин эътироз ба тарзи кору шахсияти Саркозӣ мебошад.”

Ҳолланд ваъда додааст, ки дар сурати пирӯзиаш маоши президентро тахминан 33 дар сад коҳиш дода, масуният, яъне иммунитети президент дар додгоҳро аз байн мебарад. Ҳолланд ҳоло бо як хонуми рӯзноманигор бо номи Вероника Триервилйер ҳамзистӣ дорад. Қаблан ӯ бидуни никоҳи расмӣ бо Сеголен Роял-собиқ довталаби курсии президентӣ аз ҳизби сотсиалист 25 сол ҳамзистӣ намуда, ин ҷуфт чор фарзанд ба дунё овардааст.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi