02:02:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"МАСИРИ ҶАНГ ДАР АФҒОНИСТОН БА НАФЪИ ИМА ТАҒЙИР КАРДААСТ"

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, масири ҷанг дар Афғонистон ба нафъи Амрико тағйир кардааст.

/images/stories/2012/05/06_barak-obama_6.5.12.jpgБарак Обама дар баёнияи ҳафтаинаи худ хитоб ба мардуми Амрико дар мавриди дидори ахираш аз Афғонистон гуфт, дар ин сафар бо нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон мулоқот намуд ва санади таърихиро имзо кард. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин хитоби худ гуфтааст, ки ба далели шуҷоати нерӯҳои кишвараш, масири ҷанг дар Афғонистон тағйир намудааст.

“Ба далели шуҷоат ва фидокории онҳо, масири ҷанг дар Афғонистон тағйир кард ва ҳаракати Толибон шикаст хӯрд. Мо нерӯҳои қавӣ эҷод намудаем ва як сол пеш нерӯҳои мо амалиётеро анҷом доданд, ки дар он Усома бин Лодин кушта шуд. Ҳадафе ки таъйин намуда будем, яъне саркӯбии Ал-Қоида ва аз байн бурдани фурсати танзими ин гӯрӯҳ, наздик аст.»

Обама дар мавриди сафари ахираш ба Афғонистон чунин гуфт: «Дар ин ҳафта ба Афғонистон сафаре доштам то аз нерӯҳоямон, ки дур аз кишвар хизмат мекунанд, ибрози сипос намоям ва ҳам тавофуқномаи таърихиро имзо кунам, ки моро дар анҷоми маъмуриятамон кӯмак хоҳад кард.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар ситоиш аз нерӯҳои кишвараш гуфт: «Ба ҳайси фармондеҳи олӣ, ҳеҷ чизе илҳомбахштар аз гузаронидани вақт ва будан бо сарбозон нест. Дар қароргоҳи ҳавоии Багром бо занону мардони низомипӯш дидан намудам. Аз онҳо ба поси хидматашон ибрози сипос намуда, гуфтам ки Амрико аз қурбоние, ки онҳо додаанд, қадрдонӣ мекунад.»

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, қурбониҳоеро ки сарбозони кишвараш дар Афғонистон додаанд, ҳанӯз тамом нашудааст. Ӯ гуфт, бар асоси тавофуқ бо ҳампаймонҳои ин кишвар, нерӯҳои афғон то охири соли 2014 масъулияти таъмини амнияти кишварашонро худ ба даст хоҳанд гирифт.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi