15:23:37 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГЕНЕРАЛ ДАРСҲОИ ЗИДДИИСЛОМИРО МАҲКУМ КАРД

Сардори ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико давраҳои омӯзишии ҳарбии зиддиисломиро маҳкум кард. Генерал Мартин Демпсӣ, раиси Кумитаи муттаҳидаи сарони ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, баргузор кардани давраи омӯзишии зиддисломӣ дар яке аз коллеҷҳои низомии кишварро маҳкум карда, онро “комилан ғайри қобили қабул” номид.

/images/stories/2012/05/12_martin-dempsi-12512.jpgДавраи омӯзишӣ барои афсарони артиш дар коллеҷи низомии шаҳри Норфолк (аёлати Вирҷиния) мегузашт ва дар он талқин мешуд, ки “исломи мӯътадил” вуҷуд надорад ва аз ин рӯ афсарон исломро бояд чун дини душман арзёбӣ карда, ба ҷанги фарогир бо мусалмонҳо омода шаванд.

Афсарони баландрутбаи коллеҷ ба зердастонашон мегуфтанд, ки ҳангоми машғулиятҳо худро “намояндагони ҳаракати муқовимати зиддиисломӣ” тасаввур кунанд. Дар ин давраҳои омӯзишӣ ба ҷанги густурдаву фарогир ба хотири нобуд сохтани ҳама мусалмонҳо ва эҳтимоли зарбаи ҳастаӣ ба мавзеъҳои муқаддаси Ислом – Маккаву Мадина таъкид мешудааст.

Генерал Демпсӣ гуфт, ки ”ин гуна давраҳои омӯзишӣ ғайри қобили қабул ва мухолифи арзишҳои моянд. Дар ин ҷо гап сари ягон хел фишор болои ақидаи либералӣ намеравад. Ин, аз нуқтаи назари илм, бемасъулиятист.”

Мартин Демпсӣ хостори тафтиши мӯшикофонаи ин қазия шуд ва амр кард, ки дар барномаҳои дигар донишгоҳҳои низомӣ ҷой доштан ё надоштани чунин дарсҳо ё давраҳои омӯзишии зиддисломӣ мушаххас шавад. Дар ҷараёни тафтишот бояд рӯшан шавад, ки ин давраи омӯзишӣ аз сӯи кӣ таҳияву тасдиқ ва аз кадом роҳ ба барномаи таълимӣ ворид карда шудааст.

Давраи омӯзишии зиддиисломӣ дар коллеҷи Норфолк як моҳ пеш, баъд аз шикояти яке аз афсарон, қатъ карда шуд. Сарҳанг ё полковник Метю Делей, масъули давраи омӯзишӣ дар донишгоҳи Норфолк, ҳанӯз аз вазифа барканор нашудааст ва аммо муваққатан иҷозаи дарс доданро надорад. Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дод, ки қарор аст тафтиши ин ҳодиса то охири моҳ поён ёбад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi