19:13:59 08-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҲУШДОРИ РАҲБАРИ ЭРОН БА МУХОЛИФИН

Оятуллоҳи Алии Хоменаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон бори дигар ба гурӯҳҳои мухолифи давлат ҳушдор додааст, ки дар сурати мухолифат бо пирӯзии баҳсбарангези Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо бархурди тунд рӯбарӯ хоҳанд шуд. Барои дуввумин бор аз замони эъломи натоиҷи баҳсбарангези интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон намози ҷумъаи Теҳрон ба имомати раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ баргузор шуд.

Оятуллоҳ Алии Хоменаӣ дар суханони худ дар намози рӯзи ҷумъа, 11 сентябр (20 шаҳревар), ки дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор шуд, зимни таъкид бар идомаи ҳимояти мардум аз ҳукумат ва бархурд бо мухолифони низом аз эрониён хост то ба нишонаи ҳимоят аз Фаластин ба шакле густарда ва ба таври якпорча дар роҳпаймоии рӯзи қудс дар охирин ҷумъаи моҳи рамазон дар ҳафтаи оянда ширкат кунанд ва аз шиъорҳои тафриқабарангез бипарҳезанд.

Дар маросими намози ҷумъаи ин ҳафта, ки ҳамзамон бо айёми шаҳодати ҳазрати Алӣ баргузор шуд, руасои ниҳодҳои интизомӣ, шуморе аз мақомоти аршади давлатӣ ва ҳамчунин Муҳсини Ризоӣ, яке аз номзадҳои интихоботи ахир ширкат доштанд ва ба гузориши хабарнигориҳо аз соъате қабл аз ҳузури Оятуллоҳ Хоменаӣ гурӯҳҳои намозгузор аз нуқоти мухталиф дар маҳалли баргузории намоз ҳозир шуда буданд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ нахустин хутбаи намози ҷумъаро ба шарҳи хусусиёти ҳазрати Алӣ ихтисос дод ва бо таъкид бар ахлоқӣ будани ҳукумати имоми аввали шиъиён гуфт, ки ҷудоии дин аз сиёсат боъиси "ғайриахлоқӣ шудани" сиёсат мешавад ва афзуд, ки ин хусусиятро дар низоми секулор метавон мушоҳида кард.

Оятуллоҳ Хоменаӣ дар хутбаи дуввум гуфт, ки мухотаби ин хутба ҷараёнҳо, шахсиятҳо ва масъулони сиёсии собиқ ва феълӣ ҳастанд ва ононро касоне тавсиф кард, ки то кунун дар даруни низоми исломӣ мавриди таъйид буда ва шахсиятҳои дарун ва ҷузъи низом маҳсуб мешаванд.


ИХТИЛОФ ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМӢ

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ гуфт, ки мафоҳими дарун ва беруни низом шиъорҳои таблиғотӣ нест, балки бар асоси "шохисҳои ақидатӣ ва илмӣ" мушаххас шуда ва дар мавриди тафовути назарот дар дарун пас аз инқилоб гуфт, ки дар хилоли си се соли гузашта гоҳ дар дохили низом иншиъобҳо ва таъорузҳое буруз карда, ки бархе зиёнбор буда ва бархе дигар "ҳаллу фасл" шуда ва барои кишвар ва инқилоб боре дуруст накардааст.

Оятуллоҳ Хоменаӣ баъзе аз ин ихтилофотро ба тафовути ақоъид, бархеро ба дунбол кардани манофеъ ва бархе дигарро ба тафовутҳои салоиқ ва равишҳо нисбат дод ва ихтилофи назари оятуллоҳ Хумейнӣ бо нахуствазри давлати муваққат, аввалин раиси ҷумҳурӣ ва баъдан афроде дар радаҳои болотарро ёдовар шуд ва гуфт, ки Оятуллоҳ Хумейнӣ ба равишҳои гуногун бо ин ихтилофот бархурд мекард.

Вай гуфт Оятуллоҳ Хумейнӣ бо ин афрод нахуст бо мадоро рафтор мекард, аммо дар мавориде ки ин ихтилофи назарҳо ба даргирӣ бо низом ва инқилоб ва пушт кардан ба мабонии инқилоб мунҷар мешуд, шиддати амал ба харҷ медод.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ин назарро рад кард, ки ҳукумати Эрон тоби таҳаммули дигарандеширо надорад ва ба унвони намуна гуфт, ки ақаллиятҳои динӣ ба расмият шинохта шуда, ки андешаи мутафовит доранд, дар ҳифзи андешаи худ озод ҳастанд ва ҳатто дар маҷлис намоянда доранд.

Оятуллоҳ Хоменаӣ интиқод аз масъулини давлатӣ "дар чорчӯби низом" ва бо пазириши усули инқилоб монанди қонуни асосӣ, раҳнамудҳои Оятуллоҳ Хумейнӣ ва сиёсатҳои кулли низомро, ки бар асоси қонуни асосӣ тавассути раҳбар таъин мешавад, қобили қабул донист ва гуфт, ки низом бо чунин ихтилофоти назаре бархурд намекунад, аммо он чиро ки ихлол дар амнияти мардум ва эҷоди ихтилоф ва таблиғоти манфӣ хонд, мардуд донист ва гуфт низом дар баробари чунин иқдомоте меистад.

Вай гуфт, ки низоми ҷумҳурии исломӣ ҳам монанди афрод дар баробари туҳмат ва марзшиканӣ ҳаққи дифоъ аз худро дорад ва афзуд, ки ҳатто дар кишварҳои дорои низомҳои демукротик ҳам аҳзоби мухталиф алайҳи мабонии низом мубориза намекунанд ва таъкид кард, ки "бархурд бо низом ҷавоби тунд дорад."


ИДОМАИ ФИШОР БАР МУХОЛИФИН

Давлати Эрон пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо норизоятиҳои шадиди сиёсӣ рӯбарӯ будааст. Дар ин муддат таъқиби мухолифин аз суи гуруҳҳои муҳофизакори давлат ва муборизот дар дохили ҳукумат идома доштааст. Таҳлилгарон мегӯянд Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур пас аз таъйиди аксари аъзои кобинааш тавассути порлумон дар ҳафтаи гузашта дар вазъи беҳтаре қарор дорад.

Ҳазорон нафар дар моҳи июн пас аз эътирозоти хиёбонии густарда дар Теҳрон ва иқдоми неруҳои амниятӣ барои мутафарриқ кардани онҳо, ки ба хушунат анҷомид, боздошт шуданд. Бисёре аз боздоштшудагон озод шуданд. Аммо шуморе ҳанӯз ба иттиҳоми иртибот бо нооромиҳо муҳокима мешаванд. Ҳам порлумон ва ҳам қувваи қазоия (додгоҳ) кумитаҳое барои таҳқиқи нооромиҳои пас аз интихобот ва шеваи бархурди давлат бо тазоҳуркунандагон таъсис додаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi