02:29:16 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

УЗБАКИСТОН ДАР ПАЙИ НАЗОРАТ БАР АФЗОИШИ АҲОЛӢ

Дар Узбакистон ахиран тадобире андешида шудааст, ки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод бо ҳам мутаносиб бошанд. Дар Осиёи Марказӣ Узбакистон бо 30 миллион нафар аҳолии худ пурнуфустарин кишвар ба шумор меравад.

/images/stories/2012/05/22_uzbakiston_22512.jpgМасъалаи афзоиши аҳолӣ ва барномарезии оила дар Узбакистон дар мулоқоти Ислом Каримов бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба миён омад. Вай гуфт, барои нигоҳ доштани тавозуни рушди иқтисод ва шумораи аҳолӣ дар Узбакистон давлати ин кишвар аз ҳамаи тадбирҳо истифода мекунад: “Имрӯз аҳолии Узбакистон тақрибан 30 миллион нафарро ташкил медиҳад. Мо ҳамаи тадбирҳоро ба кор мебарем, то суръати афзоиши аҳолӣ бо суръати рушди иқтисод муттаносиб бошад, то ки насли оянда нисбат ба мо беҳтар зиндагӣ кунад”.

Созмонҳои ҳуқуқи башари байналмиллалӣ дар гузашта борҳо Узбакистонро муттаҳам кардаанд, ки дар ин кишвар сиёсати стерилизатсия ё нозо кардани занон аз роҳҳои тиббӣ идома доштааст. Камолиддин Рабимов-таҳлилгари умури Узбакистон дар Порис мегӯяд, дар гузашта баъзе ниҳодҳо пинҳонӣ ба пизишкон тавсия медоданд, ки чунин корро бо ризояти худи занон пеш баранд. Вале ин кор ҳоло пешниҳодӣ нест, балки ба як навъ шеваи пешниҳодӣ-иҷборӣ табдил ёфтааст.

Оқои Рабимов мегӯяд, бо чунин кор Каримов ду ҳадафро пайгирӣ мекунад: “Бо вуҷуди ин ки дар дохили кишвар талош ба харҷ медиҳанд, ки афзоиши аҳолиро контрол кунанд, вале дар арсаи байналмиллалӣ ифтихор мекунад, ки Узбакистон аз лиҳози шумораи аҳолӣ дар минтақа кишвари бузург аст. Касе бо тавоноии иқтисод ва касе бо тавоноии низомӣ ифтихор мекунад. Вале Узбакистон дар масъалаҳои геополитикӣ аз шумораи аҳолии худ ифтихор мекунад”.

Аҳолии Узбакистон тақрибан 50 дарсади аҳолии кишварҳои Осиёи Марказии Шӯравии собиқро ташкил медиҳад ва бо чунин шумораи аҳолӣ худро кишвари билқуваи минтақа мешуморад. Оқои Рабимов мегӯяд, Ислом Каримов бо чунин изҳорот хостааст ба Путин бигӯяд, ки дар кишвараш афзоиши аҳолӣ контрол мешавад, вале боз ҳам дар сурати идомаи афзоиши аҳолӣ шумораи муҳоҷиронаш дар Русия бештар мешавад ва тавассути муҳоҷирон нуфузи Узбакистон дар Русия меафзояд.

Дар Узбакистон бори ахир соли 1989, яъне дар давраи Михаил Горбачёв-охирин раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравии пешин ба ҳисобгирии аҳолӣ анҷом гирифтааст, вале дар ҳар ҷо шумораи аҳолии ин кишвар 30 миллион нафар нишон дода мешавад.

Ҳангоми фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аҳолии ин кишвар 19 миллион нафарро ташкил медод ва акнун чунин бармеояд, ки аҳолӣ дар давоми бештар аз 20 соли ахир 11 миллион нафар афзоиш ёфтааст, ки он тақрибан якуним баробари аҳолии кунунии Тоҷикистон аст.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi