06:33:05 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

УМЕДВОРИҲОИ КИШВАРҲОИ 5+1 БА ГУФТУГӮ БО ЭРОН

Амрико мегӯяд, бо шарикони байнулмилалиаш умедворанд, ба зудӣ бо Эрон барои баррасии барномаҳои атомии ин кишвар музокироти чандҷониба анҷом хоҳанд. Филлип Кровлӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, бо вуҷуди он ки пешниҳодоти ироакардаи Эрон барои гуфтӯгу бо қудратҳои ҷаҳонӣ “ноумедкунанда” буд, аммо фурсатеро барои музокироти мустақим бо Эрон фароҳам мекунад. 

Дар бастаи пешниҳодии Эрон, ки ин ҳафта ироа шуд, ин кишвар ба барномаҳои атомиаш бахусус ишора накардааст. Филлип Кровлӣ гуфт, агар Эрон аз музокироти ҷиддӣ доир ба барномаҳои атомиаш сарпечӣ кунад, Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ бар асоси ҳамин натиҷа, нисбат ба барномаҳои Эрон қазоват хоҳанд кард. 

Вай афзуд, "мо омодаи гуфтӯгу бо Эрон ҳастем. Мо умедвори музокирот бо Эрон ҳастем. Мо бахусус хоҳони баррасии масоили ҳастаӣ ҳастем. Дар чаҳорчӯби музокироти панҷ бар изофаи як мо омодаем дигар масоилеро, ки онҳо мехоҳанд, дар миён гузоранд, баҳс кунем. Аммо агар Эрон аз музокироти ҷиддӣ сар боз занад, мо Амрико, ҷомеаи байналмилалӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар асоси ҳамон қазоват хоҳем кард." 

Амрико ва шариконаш гуфтаанд, агар Эрон аз ҳамкорӣ бо ҷомеаи байнулмилалӣ дар мавриди барномаҳои атомиаш сарпечӣ кунад, масъалаи таҳримоти тозаи байнулмилалиро ба зидди онро дар миён мегузоранд. 

Шӯрои Амният бинобар сарпечии Эрон аз қатъи фаъолиятҳои ғанисозии уран, ки метавонад барои сохтани бомби атомӣ ҳам истифода шавад, ба зидди Эрон се бор таҳрим эълон кардааст. 

Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст. Барак Обама – раисиҷумҳури Амрико гуфтааст, Эрон бояд то моҳи сентябр майли худро ба музокироти ҳастаӣ нишон диҳад ва ё ба иқдомоти эҳтимолии баъдӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi