03:18:41 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОСУХИ КЛИНТОН БА ТАҲДИДҲОИ ХОМАНАӢ АЛАЙҲИ ИСРОИЛ

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, таҳдидҳои Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба Исроилро "чизи нав"-е надонист. Дар вокуниш ба таҳдидҳои раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба Исроил, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, ин таҳдидҳо “чизи нав”-е нестанд ва ӯ Эронро дар музокироти қарибулвуқӯи ҳастаӣ хоҳад санҷид.

/images/stories/2012/06/04_hilary-klinton-4612.jpgХонум Клинтон дар нишасти хабарие дар Стокҳолм гуфт, мунтазир аст, бубинад, ки Эрон дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар рӯзҳои 18 ва 19-уми июн дар Маскав чӣ чизеро матраҳ хоҳад кард. Ӯ таъкид кард, хоҳони дидани роҳи ҳалли сиёсиест, ки “ба нафъи ҳама” бошад.

Вазири умури хориҷии Амрико баъд аз он дар ин бора сухан гуфт, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, рӯзи якшанбе (3-юми июн) дар як нутқи оташин ба Исроил таҳдид кард, ки ба гуфтаи ӯ агар қадами каҷе бардорад, вокуниши барқворе аз Эрон хоҳад дид. Исроил дар гузашта хостааст, барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба бомби атомӣ ба таъсисоти ҳастаии ин кишвар ҳамла шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Медонанд (Исроил), ки дар ин шароит аз ҳамеша осебпазиртаранд. Ҳар гуна қадами каҷе бардоранд, ҳаргуна ҳаракати ношоистае анҷом бидиҳанд, мисли соиқае (оташак) бар сари худашон фуруд хоҳад омад.”

​​Хоманаӣ, ки дар рӯзи гиромидошти хотираи Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон, сӯҳбат дошт, ҳамчунин кишварҳои ғарбиро ба дурӯғгӯӣ дар бораи барномаҳои атомии Эрон муттаҳам кард: “Маҳофили сиёсиву расонаии дунё аз хатари Эрони ҳастаӣ дам мезананд, ки Эрони ҳастаӣ хатар дорад. Ман мегӯям, инҳо дурӯғ мегӯянд, инҳо фиребгарӣ мекунанд. Ончи онҳо аз он метарсанд ва бояд ҳам битарсанд, Эрони ҳастаӣ нест, Эрони исломист.”

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, зери пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон мегӯяд, чунин нест ва барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд. Моҳи гузашта дар шаҳри Бағдод панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар изофаи Олмон аз Эрон хостанд, дар ивази гирифтани имтиёзҳои иқтисодӣ ба мисли қисмҳои эҳтиётии лозим барои ҳавопаймоҳои мусофирбараш, фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Эрон гуфтааст, то кунун ураниуми то 20 дарсад ғанисозишуда ҳосил кардааст, ки ба гуфтаи коршиносон баъд аз ин то сохтани бомби атомӣ чанд қадами дигар мемонад.

Давлати Эрон шарт гузоштааст, ки дар сурати лағви таҳримоти саноати нафти Эрон, аз ҷумла идомаи воридоти нафти ин кишвар ба кишварҳои ғарбӣ масъалаи боздоштани ғанисозии ураниуми 20-дарсадиро баррасӣ хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi