20:23:20 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ФАРОНСА ҚАБЛ АЗ МӮҲЛАТ АФҒОНИСТОНРО ТАРК МЕКУНАД

Раисиҷумҳури Фаронса гуфт, то поёни соли 2012-ум сарбозони кишвараш аз Афғонистон берун кашида хоҳанд шуд.

/images/stories/2012/06/10_karzay-olland-10612.jpgФрансуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои ин кишвар дар моҳи оянда (июл) аз Афғонистон оғоз хоҳад шуд. Ин эъломияи раисиҷумҳури Фаронса ба дунболи як ҳамлаи интиҳорӣ болои корвони нерӯҳои НАТО дар шарқи Афғонистон сурат мегирад, ки дар натиҷаи он чаҳор сарбози фаронсавӣ кушта шуданд.

Олланд гуфт, "дар айни замон мо бояд чораҳои лозимро ба сатҳи боло барои амнияти ҷони сарбозони худ биандешем, то онҳо вазифаҳои худро хуб анҷом бидиҳанд."

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ин ҳамла субҳи рӯзи шанбе дар вилояти Кописо тавассути як шахси чодарпӯш сурат гирифтааст. Вай илова кардааст, бар асоси гузоришҳо дар ин ҳамла се фарди мулкӣ низ захмӣ гардидаанд. Шӯришиёни толиб масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.

Фаронса дар Афғонистон ҳудуди 3 ҳазору 500 сарбоз дорад, ки аксари онҳо дар вилояти Кописо ҷойгир шудаанд. Ба шумули талафоти рӯзи шанбе, 87 сарбози фаронсавӣ то кунун дар Афғонистон кушта шудаанд.

Франсуа Олланд дар назар дорад, сарбозони фаронсавиро то анҷоми соли 2012-ум, яъне як сол қабл аз замони хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон, берун барорад.

Муттаҳидони НАТО таъсири хуруҷи қабл аз вақти сарбозони Фаронсаро аз Афғонистон камаҳамият унвон кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi