20:02:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИМА ҶОНИБҲОИ МИСРРО БА МУКОЛАМА ДАЪВАТ КАРД

Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон мегӯяд, кишвараш аз гузариш ба демократия дар Миср пуштибонӣ мекунад.

/images/stories/2012/07/15_hilary-linton-150712.jpgРӯзи шанбе дар Қоҳира баъди мулоқот бо президенти тозаинтихобшудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ, хонум Клинтон гуфт: “Президент бо ман аҳамияти идомаи гузариши демократии Миср ва ҳаракат ба пешро баҳс кард. Ман ба ӯ хотирнишон кардам, ки ӯ ваъда додааст ба мардуми тамоми Миср ва аз ҷумла занону ақаллиятҳо хидмат карда, аз ҳуқуқи тамоми мардуми Миср дифоъ намояд”.

Мурсии исломгаро аввалин президенти мулкии Миср аст, ки моҳи гузашта дар пайи пирӯзиаш дар интихобот савганди раёсатҷумҳурӣ ёд кардааст.

Дар идомаи сӯҳбаташ бо хабарнигорон хонум Клинтон аз Шӯрои олии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ситоиш намуда, афзуд, ки ин ниҳод дар давраи инқилоб аз мардуми Миср намояндагӣ карда, сипас дар назорати интихоботи озоду одилона саҳм гирифт. Барои муқоиса хонум Клинтон ҳаводиси Сурия мисол оварда, таъкид кард, ки артиши Сурия бо куштори мардумаш машғул аст.

Сипас котиби давлатии ИМА аз президенти Миср даъват кард, ки бо генералҳои қудратманди Миср, ки тӯли даҳсолаҳо ин кишварро раҳбарӣ кардаанд, муколама раҳандозӣ кунад: “Демократия душвор аст. Мо беш аз 236 сол инҷониб дар ҳамин ҳол ҳастем ва он талаб мекунад, ки муколама, созиш ва сиёсати воқеӣ раҳандозӣ шавад. Мо хушҳол ҳастему метавонем ба шумо кӯмак расонем. Аммо тасмим ба дасти мардуми Миср аст, на ИМА.”

Дар баробари он Мурсӣ дар ҳоли баҳс бо додгоҳи ин кишвар низ қарор дорад. Сарфи назар аз ҳукми Додгоҳи олӣ президенти Миср амр додааст, ки фаъолияти парламенти ин кишвар барқарор шавад.

Мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, Вашингтон ба Миср кафолати 250 миллион доллар қарзро дода, ҳамчунин як хазинаи сармоягузории баробар бо 60 миллион долларро ташкил хоҳад кард.

Рӯзи якшанбе дар поёни зиёрат аз Миср, Клинтон бо фармондеҳони воломақом ва аз ҷумла маршал Ҳусейн Тантовӣ, ки дар пайи барканоршавии президент Ҳуснӣ Муборак дар соли гузашта раҳбарии муваққати ин кишварро бар дӯш гирифта буд, дидору гуфтугӯ дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi