04:26:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

ЁРОНИ РАФТАИ АСАД КИСТАНД?

Дирӯз, 18 июл (28 тир), ҳамлае маргбор ба маркази амнияти миллии Сурия дар Димишқ анҷом шуд, ки дар он Осиф Шавкат, шавҳархоҳри Башор Асад, ва Довуд Роҷиҳа, вазири дифоъ, кушта шуданд. Шуморе дигар аз мақомоти болои ҳукумати Сурия низ дар ин инфиҷор захмӣ шуданд. Онон кистанд?

Осиф Шавкат, шавҳархоҳари Асад

/images/stories/2012/07/20_bashar-assad_200712.jpgЖенерол Шавкт ба унвони яке аз фармондеҳони аршади амниятӣ ва аз чеҳраҳои ҳалқаи наздик ба Башор Асад шинохта мешавад. Мақоми ӯ дар солои 2010 аз раёсати Созмони иттилоъоти артиш ба муъовинати фармондеҳии Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ тағйир карда буд.

Осиф Шавкат дар соли 1950 дар як хонаводаи мутавассити алавӣ мутаваллид шуд. Дар Донишгоҳи Димишқ таҳсил кард ва дар авохири даҳаи 1970 вориди артиш шуд.

Ситораи бахти ӯ пас аз издивоҷ бо Бушро, танҳо духтари Ҳофиз Асад, тулӯъ кард. Ин издивоҷ дар миёнаи даҳаи 1990 ва бо вуҷуди мухолифати хонаводаи Асад сурат гирифт, ки муътақид буданд, оқои Шавкат шарики хубе барои Бушро нест, чаро ки аз издивоҷи қаблиаш 5 фарзанд дорад ва даҳ сол ҳам аз духтари Ҳофиз Асад мусинтар (бузургтар) аст.

Аммо муддате баъд Шавкат мавриди бахшиши Ҳофиз Асад қарор гирифт ва равобити наздик бо ӯ барқарор кард. Гуфта мешавад, ки Бушро бо дар ихтиёр доштани пусти ҳассоси муншии раиси ҷумҳур дар беҳбуди ин иртибот нақши муҳимме доштааст.

Дар ин ҳол, гузоришҳое аз вуҷуди ихтилоф байни Шавкат ва Моҳир Асад, бародари кӯчаки Башор, вуҷуд дошт ва гуфта шуда, ки Моҳир дар соли 1999 ба сӯйи Шавкат тирандозӣ кард. Зоҳиран пас аз ин иттифоқ Шавкат барои муъолиҷа ба бемористоне низомӣ дар Порис фиристода шуд.

Пас аз он Женерол Шавкат амалан раёсати Созмони иттилоъоти артиши Сурияро бар уҳда гирифт ва дар соли 2005 ин пуст расман ба ӯ иблоғ гардид.

Ӯ пас аз воқеъаи 11 сентябри соли 2001 ба унвони яке аз намояндагони аслии Башор Асад бо сервисҳои иттилоъотии Амрико ва Иттиҳодияи Урупо иртибот дошт ва ба поягузории амалиёти иттилоъотии Амрико дар Сурия кумак кард. Бо сардии равобит байни ду кишвар ин амалиёт низ мутаваққиф шуд.

Дар гузориши аввалияи таҳқиқи соли 2005-и Созмони Милал перомуни терури Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон, номи Моҳир Асад ва Осиф Шавкат ба унвони тарроҳони эҳтимолии терури ӯ зикр шуда буд.

Як соли баъд Амрико ба далели ин ки оқои Осиф "яке аз тарроҳони аслии тасаллути Сурия бар Лубнон буд ва ба сиёсати Сурия дар ашоъаи терурисми давлатӣ кумак мекард," амволи ӯро дар ин кишвар масдуд кард.

Осиф Шавкат дирӯз, 18 июл (28 тир), дар ҳамлае интиҳорӣ ба маркази амнияти миллии Сурия дар Димишқ кушта шуд.

Довуд Роҷиҳа, вазири дифоъ

Довуд Роҷиҳа, пеш аз расдидан ба мақоми вазорати дифоъ раиси Ситоди артиш буд. Ӯ дар сооли 1947 дар Димишқ мутаваллид шуда буд ва аз масеҳиёни уртудукси Сурия буд. Ӯ нахустин масеҳӣ буд, ки дар ним қарни ҳукумати Ҳизби баъс ба мақоми вазорати дифоъ расид.

Роҷиҳа дар соли 1967 аз мадрасаи афсарӣ фориғуттаҳсил шуд ва дар соли 2005 дараҷаи женеролӣ гирифт. Ӯ дар соли 2011 ва бо боло гирифтани буҳрони Сурия ба Вазорати дифоъ расид.

Женерол Роҷиҳа дар ҷараёни баргузории размоишҳои ахири Сурия тавони низомии артиши ин кишварро сутуда ва гуфта буд, ин нерӯ барои дифоъ аз Сурия дар баробари ҳар хатаре омодагии комил дорад. Довуд Роҷиҳа дирӯз, 18 июл (28 тир), дар ҳамлае интиҳорӣ ба маркази амнияти миллии Сурия дар Димишқ кушта шуд.

Ҳашом Бахтиёр, дабири Шӯрои амнияти миллӣ

Женерол Бахтиёр мутаваллиди соли 1941 ва раиси Созмони амнияти миллии Ҳизби баъс буд. Вазифаи ин созмон ҳамоҳангӣ байни созмонҳои иттилоъотии Сурия ва омодасозии пешниҳодот барои ироа ба раиси ҷумҳур аст. Ӯ байни солҳои 2001 то 2005 раиси Ситоди амнияти умумӣ буд.

Амрико дар соли 2006 ба далели "кумак ба ҳимояти Сурия аз созмонҳои теруристӣ, шомили Ҳизбуллоҳ," ӯро дар феҳристи таҳрим қарор дод.

Женерол Бахтиёр дар Шӯрои амнияти миллӣ низ масъули фаъъолиятҳое буд, ки "мушаххасан ба ҳузури низомӣ-иттилоъотии Сурия дар Лубнон кумак мекард."

Дар соли 2007 номи ӯ дар феҳристе қарор гирифт, ки иҷозаи вурӯд ба хоки Амрикоро надоранд.

Бар асоси гузоришҳо, женерол Бахтиёр дар саркӯби тазоҳурот дар Даръо нақш доштааст. Саркӯби шадиди муътаризони режими Сурия дар ин шаҳри ҷанубӣ мӯҷиби оғози эътирозоти густардатар дар сатҳи кишвар шуд.

Вазоратхонаи дороии Амрико дар моҳи майи соли 2011 Созмони амнияти миллии Сурияро ба далели созмондеҳии нерӯҳои амниятӣ дар саркӯби тазоҳурот таҳрим кард.

Женерол Бахтиёр аз ҷумлаи касоне аст, ки дар ҳамлаи интиҳории дирӯз, 18 июл (28 тир), дар ҳамлаи интиҳорӣ ба маркази амнияти миллии Димишқ маҷрӯҳ шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi