17:46:38 18-уми Июни 2025 сол

ҶАШНИ ВАТАНХОҲӢ

Ҷумъаи охири Рамазон - РӮзи Қудс

 

СИОНИЗМ ишора ба тафаккури нажодпарастонае аст, ки хоҳони эҳёи ойини яҳуд ва густариши нуфузи он ба саросари Фаластин, ба баҳои нобудии комили миллати фаластин ба унвони сокини аслии ин сарзамин аст. Ба иборати дигар тайи 50 соли ахир "сионизм" ба тафаккуре нисбат дода мешавад, ки аз иҷтимои раҳбарони гурӯҳҳои тундрави террористи яҳудӣ дар доманаи кӯҳҳои Сион, дар нимаи аввали асри 20 шакл гирифт.

 

Ба дунболи он гурӯҳҳои мутаасиби яҳудӣ дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ тасмим гирифтанд ба таври махфиёна яҳудиёни саросари ҷаҳонро ба Фаластин интиқол диҳанд. Иддаои "куштор ва озори яҳудиён дар Аврупо" баҳонае буд, то ин гуруҳҳои тундрави яҳудӣ тасмими худро дар мавриди ташкили ҳукумати воҳиди яҳуд дар Фаластин, аз тариқи кучондани гурӯҳи азими яҳудиёни Аврупо ба ин сарзамин , амалӣ созанд.

 

Гурӯҳҳои тундрави яҳудӣ бо номҳои "Иргун", "Иштран", "Полмох", "Хогона" ва ... ки чеҳраҳое монанди Манохам Бегин, Исҳоқ Шомир, Мише Доён ва амсоли инҳо, раҳбарӣ ва фармондеҳии онҳоро бар ӯҳда доштанд, дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ муваффақ шуданд ба баҳонаи озори яҳудиён дар Аврупо, ба тасмими худ дар бораи ташкили давлати яҳуд ҷомаи амал пӯшонанд. Дар иҷрои ин тасмим, Амрико ва баъзе давлатҳои аврупойӣ, ба хусус Инглис, ки то он замон бахши умдае аз Шарқи Миёна, аз ҷумла Фаластинро дар ихтиёри худ дошт, ҳомии яҳудиён буданд.

 

Давлати Англия худ аз омилон ва бониёни аслии пайдошавии Исроил буд. Инглисҳо аз 20 соли қабл аз таъсиси Ироил, аз тарҳи эҷоди давлати яҳуд ҳимоят мекарданд ва афкори умумии давлатҳои ғарбиро барои рӯ ба рӯ шудан бо пайдоиши давлати Исроил омода карда буданд. Ба ҳар ҳол ин тасмим амалӣ шуд ва дар моҳи майи соли 1948 яке аз раҳбарони аслии яҳудиён бо номи Бен Гориён расман дар як ҷаласаи сиёсӣ, ташкили ҳукумати Исроилро эълом кард.

 

Сионистҳо бино ба хӯйи таҷовузкоронаи худ ва барои заҳри чашм гирифтан аз фаластиниён, чандин фоҷеаи бузург ва таккондиҳанда алайҳи мардуми Фаластин ба роҳ андохтанд, ки дар таърих аз онҳо ба унвони фоҷеаҳои "Кафарқосим", Тал заътар" ва "Дайрёсин" ва .. ёд мешавад.

 

Ҳадаф аз "Рӯзи Қудс" ин аст, ки аз як сӯ вобастагии фаластиниён ва Байтулмуқаддас ва Қудси шариф ба дунёи Ислом мавриди таъкид қарор гирад ва аз сӯи дигар, фикри озодсозии Қудс аз чанги сионистҳо дар миёни мусулмонони ҷаҳон эҳё гардад.

 

Ҷойгоҳи Қудс дар назди Ислом ва мусулмонон

 

Қудс бахше аз сарзамини Фаластин, балки нуқтаи дурахшон ва нигини он маҳсуб мешавад . Худованд ин сарзаминро панҷ бор дар Қуръон васф кардааст . Фаластин аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ қалби ҷаҳони араб, сарзамини кӯчаке аст дар шарқи баҳри Миёназамин, ки ҳамчун пуле се қораи Осиё , Аврупо ва Африқоро ба ҳам васл мекунад ва Байтулмуқадас пойтахти он дар тӯли таърих ҳамвора аз тақаддуси хосе назди мусулмонон ва масеҳиён бархурдор будааст.

 

Ҳарчанд яҳудиёни ғосиб Қудсро ба забони ибрӣ "Урешлим" номидаанд, вале асли он "Урсолим" аст, ки арабҳои юбусӣ онро дар мавриди Қудс ба кор мебаранд . Ин исм ду бахш дорад , "Ур" яъне шаҳр ва "солим" яъне сулҳ, пас Қудс "шаҳри сулҳ", онро Дорулислом ва Байтулмуқаддас низ номидаанд. Бархе аз далелҳои аҳамият ва арзиши волои ҷойгоҳи Қудсро аз дидгоҳи Ислом ва мусулмонон метавон дар мавридҳои зер баршумурд:

 

1. Қудс муҳити ваҳйи Илоҳй: Қудс сарзаминест, ки таърихи куҳан ва саршор аз маънавиёт дорад ва чеҳраҳои пок ва маҳбубе дар ин сарзамин мадфунанд. Иброҳими Халиллуллоҳ(а), паёмбари бутшикани Худо ва мунодии тавҳид, Лут (а),бародарзодаи Иброҳим, Исҳоқ (а), Довуд (а), Мӯсои Калимуллоҳ (а), ки қабраш дар ҷавори Байтулмуқаддас ва шарқи он аст, Исмоили Забеҳуллоҳ (а), Марям (с), Юсуфи Сиддиқ (а), Сулаймон (а)-писари Довуд, ки ҳукумат ва салтанате Илоҳӣ дошт ва садҳо чеҳраи барҷаста аз паёмбарон ва қудсиён, ки ба ин сарзамини малакутӣ ҳурмат ва қидосате бузург бахшидаанд ва дар хоки ин диёр қадам ниҳода ва тавҳидро таблиғ ва Худоро парастиш намудаанд.

 

Қуръон аз тамоми онҳо бо эҳтирому таъзими фаровон ёд карда ва сутуда аст. Дар ин сарзамин буд, ки Худо бо Мӯсо (а) сухан гуфт ва Мӯсо (а) по ба ҳастӣ гузошт ва дар гаҳвора лаб ба сухан кушод ва Худо ӯро ба сӯи худ бурд. Марям(с) дар ин сарзамин реҳлат намуд ва Ҳоҷар ба ин иқлим ҳиҷрат кард ва муҳимтар аз ҳамаи инҳо Қудс қиблаи нахусти мусулмонон ба шумор меравад.

 

2. Қудс-қиблаи аввали мусулмонон: Аввалин чизе, ки дар мавриди Қудс дар эҳсос ва ҳофизаи мусулмонон ва андешаи динии онҳо нақш баста, ин аст ки Паёмбар (с) ва асҳоб аз замони воҷиб шудани намоз дар шаби Асро ва Меъроҷ, дар соли даҳуми беъсат, се сол қабл аз ҳиҷрат, то 16 моҳи баъд аз ҳиҷраташон ба Мадина рӯ ба он намоз мехонданд, то ин ки Худованд дастур дод, ки ба ҷониби Каъба ё Масҷидулҳаром рӯ кунанд: "аз ҳар ҷо ки берун рафтӣ, рӯ ба сӯи Масҷидулҳаром кун ва эй муъминон, [ба ҳангоми намоз] ҳар ҷо ки будед, рӯ ба сӯи он кунед"(сураи "Бақара", 150).

 

Дар Мадинаи мунаввара нишонаи рӯшане боқӣ мондааст, ки бар ин масъала таъкид дорад. Он "Масҷиди зулқиблатайн" аст, масҷиде, ки дар он мусулмонон намозро иқома карданд, ки қисмате аз он рӯ ба Қудс ва қисмати дигараш рӯ ба Макка буд. Он масҷид ҳамакнун низ побарҷост ва дар он намоз иқома мешавад.

 

3. Қудс сарзамини Асро ва Меъроҷи Паёмбари Ислом (с): Дуввумин тасвир аз Қудс, ки дар зеҳни мусулмонон нақш баста, ин аст ки Худованд онро поёни сафари заминӣ ва оғози сафари осмонӣ, меъроҷи Паёмбар қарор додааст. Тадбир ва ҳикмати Худовандӣ ин гуна иқтизо кардааст, ки хотами расулон ва анбиё дар он ҷо бо паёмбарони гиромӣ дидор карда ва намозро ба имомат барои онҳо иқома кунад.

 

Ин мавзуъ ҳам ба маънои интиқоли раҳбарии динии ҷаҳон аз бани Исроил ба уммати Паёмбари Ислом (с) ва китобе нав буд, яъне уммате ҷаҳонӣ ва китобу паёмбаре оламӣ, ҳамчунон ки Худованнд фармудааст:" ва мо арсалнока илло раҳматалъоламин"[сураи "Анбиё",170]. Қуръон ибтидо ва интиҳои ин сафарро ба сароҳат баён кардааст:"Тасбеҳ Худойро сазост, ки бандаи худро дар шабе аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо бурд он ҷо ки давру бари онро пурбаракат сохтаем, то бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ бинамоёнем".

 

Достони Асро ва Меъроҷ саршор аз рамзҳо ва далолатҳое аст, ки нишондиҳандаи аҳамияти ин макони муборак мебошад. Агар Қудс дар ин сафар мавриди таваҷҷӯҳи вежае набуд, меъроҷ ба таври мустақим аз Макка ба осмон ҳам мумкин буд, ҳамчунон ки Қуръон ва аҳодис ҳам ба ин амр далолат доранд.

 

4. Масҷидулақсо: Масҷиде бо азамати васеъ ва бо шукуҳ, ба тӯли 80 метр ва арзи 55 метр ва даруни он даҳҳо сутун бо тоқҳои зебо дорад. Фармони сохти Масҷидулақсоро Абдулмалик бинни Марвон, халифаи уммавӣ содир кард. Вале вай пеш аз он ки сохтмони масҷид ба поён бирасад мурд ва писараш Волид бинни Абдулмалик онро ба поён расонд. Дар соли 1969 як оташсӯзӣ дар масҷиди мазкур ба дасти яҳудиён сурат гирифт, ки осори он оташсӯзӣ ҳанӯз барҷост.

 

Лозим ба зикр аст, ки дар канори девори ғарбии масҷид, девори буроқ (девори нудбаи яҳудиён) вуҷуд дорад ва яҳудиён муътақиданд, санги бинои ин девор аз маъбади Сулаймон оварда шудааст ва барои яҳудиён муқаддас аст. Онҳо иддао мекунанд, ки маъбади Сулаймон зери ин девор аст, ба ҳамин далел мехоҳанд Масҷидулақсоро вайрон кунанд ва зери онро ҳаффорӣ кунанд, то ба маъбаде, ки иддао мекунанд он ҷост, бирасанд. Дар ҳоле ки ин маъбад қабл аз мелоди Масеҳ (а) комилан вайрон шудааст.

 

5.Қудс саввумин шаҳри муқаддас: Дар Ислом Қудс саввумин шаҳри муқаддас ба шумор меояд. Аввалин шаҳри муқаддас Макка аст, ки Худованд онро ба вуҷуди Масҷидулҳаром мушарраф намудааст. Дуввумӣ, Мадинаи мунаввара аст, ки Масҷидуннабӣ дар он қарор дошта ва марқади Паёмбари Ислом (с)ро ҳам дар худ ҷо додааст. Саввумӣ ҳам Қудс бо Байтулмуқаддас аст, ки Худованд онро ба василаи Масҷидулақсо мавриди икром қарор додааст. Дар ҳоле ки Ислом Масҷидулақсоро саввумин масҷиди бузурги муқаддас дар Ислом қарор дода ва ба табъи ин Қудсро ҳам ба ду шаҳри бузурги Ислом (Макка ва Мадина) пайванд додааст.

 

Ба ҳамин ҷиҳат Қудс аз дидгоҳи Ислом аз ҷойгоҳи динии қобили таваҷҷӯҳе бархурдор аст ва тамоми гурӯҳҳо, мазҳабҳо ва рӯйкардҳои исломӣ бар ин амр иттифоқи назар доранд. Пас ҷойи ҳеч шигифтӣ нест, агар тамоми мусулмонон дифоъ аз Қудс, ғайрат нисбат ба он, посдорӣ аз ҳарими муқаддасаш ва қурбонӣ кардани ҷону мол дар раҳи ҳимоят аз он ва дафъи мутаҷовизонро бар худ воҷиб бидонанд.

 

Мумкин аст мусулмонон, аъроб ва фаластиниҳо дар мавзеъгирии худ нисбат ба масъалаи сулҳ бо Исроил ва ҷойиз будан ё набудан ва дар сурати мувафақ шудан ё нашудан, ихтилофи назар дошта бошанд. Аммо ҳамаи онҳо - мусулмонҳо, аъроб ва фаластиниҳо - дар исломӣ ва арабӣ будани Қудс, лузуми ҳифзи ҳувият ва масъалаи муқовимат бо талошҳои худсаронаи Исроил барои яҳудӣ кардани он ва тағйири осори таърихӣ, зудудани нишони Исломӣ, арабӣ ва масеҳӣ аз чеҳраи он, ихтилоф надорад.

 

Ҳафтаномаи «Озодагон»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ