19:08:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ГЕНЕРАЛҲОИ РУС МЕДВЕДЕВРО БА "ДУДИЛАГӢ" АЙБДОР КАРДАНД

Дудилагии Медведев ҳангоми судури фармони амалиёти низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ боиси талафоти беҳуда шудааст.

/images/stories/2012/08/09_medvedev-090812.jpgФармондеҳони собиқ ва кунунии артиши Русия раисиҷумҳури пешини ин кишвар Дмитрий Медведевро ба он муттаҳам мекунанд, ки моҳи августи соли 2008-ум ҳангоми судури фармони амалиёти низомӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон дудилагӣ нишон додааст. Ин айбнома дар як филми мустанади 47-дақиқагӣ, ки ба муносибати чорумин солгарди ин ҳодиса ба навор гирифта шудааст, иброз мешавад.

Муаллифони ношинос филмро зери унвони “Рӯзи гумшуда” дар интернет ҷой додаанд. Генералҳои баландпояи Русия ба муаллифони филм гуфтаанд, Медведев ба ҳайси сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҳарос буд ва то замоне ки сарвазири онвақта Владимир Путин ӯро ба амал водор накард, хомӯш буд.

Генерал Балуевский, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Медведев раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия будааст, мегӯяд, Медведев ва ёваронаш аз додани фармон метарсиданд, вале Путин онҳоро  ба истилоҳ “лагад” заду ба амал водор кард. Рӯзҳои ҷанги Осетияи Ҷанубӣ Путин дар Чин бозиҳои олимпии Пекинро тамошо мекард.

​​Рӯзи чоршанбе (8-уми август) дар Маскав ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон Путин тасдиқ кард, ки он рӯзҳо ду дафъа ба Медведев занг зада буд: “Дар иртибот бо сӯҳбатҳои телефонӣ, бале, ман ду дафъа ба Дмитрий Медведев дар рӯзҳои ҳафтум ва ҳаштуми августи соли 2008-ум ва ҳамчунон ба вазири мудофиа занг зада, масъаларо баҳс карда будам.”

Путин, ки ҳоло президенти Русия мебошад, илова кард, ки ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар қаблан барномаи ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Гурҷистонро омода карда буд: “Барномаи эҳтимолии бархӯрд бо Гурҷистон аз тарафи ситоди кул пешакӣ омода шуда буд ва ман онро дар охирҳои соли 2006-уму ибтидои соли 2007-ум тасдиқ карда будам.”

Путин афзуд, бахше аз ин барнома тамрини гурӯҳҳои ниманизомии Осетияи Ҷанубиро мадди назар дошт, то дар ҳоли ҳамлаи Гурҷистон онҳо ҳамроҳ бо нерӯҳои Русия муқовимат нишон диҳанд. Соли гузашта дар як мусоҳибаи телевизионӣ Медведев гуфта буд, ӯ бо касе сӯҳбат накарда буд ва фармони амалиётро бидуни машварат содир кардааст: “Росташро гӯям, касе ба касе занг назада буд. Ман бо Путин як рӯз пас ҳамсӯҳбат шудам. Он вақт алакай фармонро содир када будаму оташи ҷанг аланга гирифта буд.”

Дирӯз (8-уми август) дар арафаи ёдбуди чорумин солгарди ҷанги Осетияи Ҷанубӣ сарвазири Русия Медведев ба ин минтақа сафар кард. Ӯ гуфт, фармони дохилшавии Русия ба ҷанг саривақтӣ буду имкон дод, ки аз қурбониҳои зиёд ҷилавгирӣ ба амал ояд. Баъд аз ин ҷанг Русия минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба ҳайси кишварҳои соҳибистиқлол эътироф кард, вале ҳукумати Гурҷистон ва аксари кулли кишварҳои олам ин минтақаҳоро ҳамоно бахше аз Гурҷистон арзёбӣ мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi