03:55:10 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30 31      

АҲМАДИНАЖОД АЗ "РОҲ"-И ПУТИН-МЕДВЕДЕВ КОР МЕГИРАД?

Изҳороти ахири раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мояи бурузи овозаҳо дар бораи ояндаи сиёсии ӯ шудааст.

/images/stories/2012/09/06_president-ir-060912.jpgМаҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи 4-уми сентябр дар мусоҳибаи мустақим бо телевизиони давлатӣ зоҳиран аломат дод, ки баъд аз анҷоми давраи дувуми раёсаташ низ шояд дар қудрат бимонад. Вақте хабарнигор гуфт, то рафтани Шумо аз давлат як соли дигар мондааст, Аҳмадинажод бо чеҳраи пуртабассум посухаш дод, ки “Шумо аз куҷо медонед, ки ин соли ниҳоист?”

Вай афзуд, давлат бахше аз миллати Эрон аст ва миллат ҳамеша дар қудрат мемонад. Ин посухи мармуз дар сархати гузоришҳои аксари расонаҳои Эрон қарор гирифт ва “Хабар-Онлайн”, барои мисол, гуфт, Аҳмадинажод ин изҳоротро бо як табассуми “маънидор” баён кардааст.

Таҳлилгари эронӣ Рӯзбеҳи Мириброҳимӣ мегӯяд, сӯҳбатҳои Аҳмадинажод ва ёрони ӯ ҳокист, ки ин ҷиноҳ бо вуҷуди мухолифати шадиди ҷиноҳҳои дигари наздиктар ба оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ба осонӣ аз саҳна канор нахоҳад рафт. Ба ақидаи ӯ, ҳадаф ҳифзи имтиёзҳоест, ки ин ҷиноҳи ҳоким бо истифода аз мақоми баланди Маҳмуди Аҳмадинажод дар 8 соли гузашта соҳиб шуда буд.

Изҳороти ахири Аҳмадинажод, ки мавқеаш ба маҳзи муборизаҳо бо ёрони раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар як соли охир заиф шудааст, ҳамин тавр муноқиз бо сӯҳбати моҳи июни ӯ бо рӯзномаи олмонии “Frankfurter Allgemeine Sonntagszeitung” аст, ки дар он Аҳмадинажод 8 солро мӯҳлати кофӣ номида, гуфт, баъд аз анҷоми давраи дувуми раёсат канор хоҳад рафт.

​​Аммо сӯҳбати ахири раисиҷумҳури Эрон ба оташи мухолифати мунтақидони ӯ равған рехт. Узви шӯрои иҷроияи парлумон Муҳаммад Деҳқон Аҳмадинажодро ба таъқиби шеваи раҳбарии ҳамтои русаш Владимир Путин айбдор кард. Хабаргузории Меҳр аз қавли Деҳқон оварда, ки Аҳмадинажод аз мусоҳибаи телевизиониаш ба хотири ташвиқи “нақшаи раёсатҷумҳурии Медведеву Путин” истифода бурдааст. Ӯ истифодаи Аҳмадинажод аз минбари симои давлатӣ ба хотири ташвиқи “нақшаи интихоботиаш”-ро амале “ғайримунсифона” ба қалам медиҳад.

Путин баъд аз адои ду давраи раёсат як давра шогирдаш Дмитрий Медведевро ба ин курсӣ нишонда, худ бо мақоми сарвазир қаноат кард ва имсол дигарбора ба Кремл баргашт. Муҳаммад Деҳқон гуфт, “раисиҷумҳур бояд бидонад, ки Эрон Русия нест ва ӯ ҳам Путин нест.” Раисиҷумҳури Эрон дар гузашта ба он айбдор мешуд, ки мехоҳад яке аз ёрони наздикаш Исфандиёр Раҳим Машоиро вориси худ кунад. Бархе Машоиро ҳатто “раисиҷумҳури аслӣ” ном мебаранд ва як таҳдид ба низоми исломии ҳоким дар Ҷумҳурии исломии Эрон медонанд.

Дар авоили ҳафта чандин сомона (сайт) аз Машоӣ нақли қавл карданд, ки гуфтааст, давлати оянда дар дастони Аҳмадинажоду атрофиёни ӯ хоҳад буд.Ӯ ҳатто гуфта, ки агар Аҳмадинажод бипазирад, ӯ омода аст, дар канори ӯ бошад. Вакили дигари Маҷлиси Эрон Рӯҳуллоҳ Бейҷӣ гуфт, сӯҳбати ахири Аҳмадинажод муноқиз ба табиати интихобот аст, ки дар сурати зарурат, ба гуфтаи ӯ, бояд лаҷоми ҳукуматро бигирад. Бейҷӣ гуфта, ки ҳаводори 10 солу 20 сол дар қудрат дидани Аҳмадинажод нест.

Раиси Шӯрои хибрагон оятуллоҳ Маҳдавии Канӣ низ дар вокуниш гуфтааст, давлат набояд рӯи пирӯзии ягон номзадаш дар интихоботи оянда ҳисоб кунад. Вакили собиқи парлумони Эрон Алӣ Мазрӯъӣ гуфт, хеле баъид аст, ки дар интихоботи соли 2013-ум боз ҳам номзади дар гузашта таҳти чатри ҳимояти оятуллоҳ Хоманаӣ баранда шавад: “Агар авзоъ ингуна бошад, ки имрӯз ҳаст, ҳама чиз дар дасти оқои Хоманаист. Агар авзоъ тағйир кунад, на Хоманаӣ ва на Аҳмадинажод коре наметавонанд бикунанд.”

Матбуоти Эрон ҳадс мезанад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод шояд аз роҳи расидан ба курсии вакилии парлумон ё ҳатто таъсиси ҳизби худ боз ҳам талош хоҳад кард, то дар саҳнаи сиёсии Эрон бимонад. Аммо ин боз ҳам бастагӣ хоҳад дошт ба ҳавлу ҳоли интихоботи соли 2013-ум ва инки оё кӣ ҷойгузини ӯ дар мақоми раёсати Ҷумҳурии исломӣ хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi