18:50:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СЕРВИСҲОИ ИТТИЛООТИИ ФАРОНСА БА ФИРОРИ ФАРМОНДЕҲИ СУРӢ КӮМАК КАРДАНД

Женерол Маноф Тлас, аз фармондеҳони собиқи горди раёсати ҷумҳурии Сурия, ки ҳудуди ду моҳ пеш аз кишвараш гурехта, гуфт, ки сервиси иттилоотии Фаронса ӯро дар гурез аз кишвараш ёрӣ карданд. Оқои Тлос гуфт, ки "сервисҳои" фаронсавӣ ӯро дар фирор аз кишвар кумак карданд. Ӯ албатта нагуфт, ки ин "сервисҳо" чи тавр кумакаш кардаанд.

/images/stories/2012/09/11_general-syria-110912.jpgӮ, ки дар маҳалли ихтифояш дар Порис ҳаст, аз давлати Фаронса ташаккур кард. Оқои Тлос дар гуфтугӯе бо Би-би-сии арабӣ ва як шабакаи фаронсавӣ, гуфт, ки агар давлати Сурия бештар зери фишор қарор бигирад, мумкин аст, ки аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кунад.

Фирори оқои Тлос ва ҷудо шуданаш аз давлати Башор Асадро таҳлилгарон яке аз бузургтарин зарбаҳо ба ҳукумати Сурия тавсиф кардаанд. Оқои Тлос фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурии Сурия буд ва Мустафо Тлос, падараш, барои сӣ сол вазири дифоъи Ҳофиз Асад, падари Башор Асад, буд ва аз наздикони мавриди эътимоди ӯ ба шумор мерафт.

Мухолифат бо дахолати хориҷӣ

Оқои Тлос дар гуфтугӯйи худ аз сервисе, ки ба ӯ барои фирор кумак карда, ном набурд ва далели худро ин тавр баён кард, ки бим дорад ҷони он афрод дар хатар қарор бигирад. Илова бар фаронсавиҳо, ӯ аз артиши озоди Сурия ҳам ба унвони нерӯҳое ном бурд, ки ӯро дар фирораш ёрӣ кардаанд.

Дар хусуси истифода аз силоҳҳои шимиёӣ ҳам оқои Тлос гуфт, давлате, ки ҳавопаймои ҷангӣ ва тонкҳоро алайҳи мардумаш ба кор мегирад, мумкин аст, ки аз ин силоҳҳо ҳам истифода кунад. Ӯ изофа кард, ки танҳо дар сурате, ки давлат зери фишор бошад, мумкин аст, ки аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кунад ва он ҳам "дар манотиқе маҳдуд"

Оқои Тлос аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, то барои берун омадани Сурия аз взъияти кунунӣ "бар як нақшаи роҳи ҳақиқӣ тамаркуз кунанд"

Ӯ албатта таъкид кард бо ҳар гуна дахолати хориҷӣ ва ба ҳар шакле дар Сурия мухолиф аст ва гуфт, ки "мардуми Сурия бояд худашон ба пирӯзӣ даст ёбанд"

Нақши нерӯҳои хориҷӣ ба гуфтаи ӯ танҳо метавонад ин бошад, ки "истротежии ҷадиде барои инқилоб тарроҳӣ кунад."

Дахолати хориҷӣ дар моҷарои Сурия, Созмони Милалро дучори дудастагӣ кардааст. Кишварҳое монанди Чин ва Русия бо тасвиби қатъномаҳо алайҳи ҳукумати Сурия мухолиф ҳастанд.

Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи ҷадиди Созмони Милал дар умури Сурия, рӯзи душанбе, 10 сентябр бо сафар ба Қоҳира, пойтахти Миср ва сипас сафар ба Димишқ мъмурияти худро оғоз кардааст, аммо аз ҳамин ибтидо ӯ гуфта, ки медонад ин маъмурият чи қадар метавонад мушкил бошад.

Мушкилоти барқарории оромиш дар Сурия, намояндаи пешини Созмони Милал, Кофе Аннонро маҷбур ба истеъфо аз симати худ кард.

Оқои Тлос дар гуфтугӯйи худ гуфта, ки дар севумин моҳ аз "инқилоби Сурия" ӯ аз давлат ҷудо шуда буд. Аммо физикӣ муддате тӯл кашид, то аз кишвар хориҷ шавад.

Ӯ гуфт, ки "пойи ҳарфҳои мухолифон ва шӯришиҳои" Сурия нишаста ва ба ин натиҷа расида, ки "ҳукумат қасди иваз шудан надорад."

Ӯ гуфт: "Ман эҳсос кардам, ки ҳукумат ба муътаризон дурӯғ мегӯяд ва дунболи миёнбар (барои ҳалли масъала) аст. Барои ҳамин дар дафтарам мондам, ба касе гӯш надодам ва тасмим ба хуруҷ аз кишвар ва кумак ба мӯътаризон гирифтам."

Женерол Тлос дар ин гуфтугӯ аз дӯсти собиқаш, Башор Асад хост, то аз қудрат канорагирнӣ кунад ва гуфт ин кор на танҳо барои Сурия хуб аст, ки ба нафъи хонаводааш ҳам ҳаст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi