10:55:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲЕЙГ: “МО ҚАСДИ ТАҒЙИРИ РЕЖИМ ДАР ЭРОНРО НАДОРЕМ”

Вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки баҳси онҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон масъалаи ҳастаист, на тағйири низом. Иттиҳодияи Аврупо дар талоше барои маҷбур кардани Эрон ба канор гузоштани барномаҳои атомиаш, рӯзи душанбе алайҳи ин кишвар таҳримоти тозае ҷорӣ кард. Вале Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, ба мо гуфт, ҳадафи ин иқдом, тағйири режим дар Эрон нест.

/images/stories/2012/10/16_vilyam-heyg-161012.jpgВилям Ҳейг дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт, “ин мавзӯъ ба миллати Эрон бастагӣ дорад, дастури кори мо тағйири режим дар Эрон нест. Мо шояд дар бораи ҳамаи ҳукуматҳо дар нуқоти гуногуни ҷаҳон интиқоде дошта бошем, вале мо ба дунболи тағйири режимҳо нестем. Ҳадафи мо ва сиёсати мо дар баробари Эрон, тағйири режим нест. Мо ба ҳар тасмиме, ки мардуми Эрон дар як раванди демократӣ дар оянда бигиранд, эҳтиром мегузорем. Ҳадафи мо алъон ин аст, ки масъалаи ҳастаиро ҳал кунем. Агар масъалаи ҳастаиро ҳал кунем, дигар на таҳриме хоҳад буд ва на фишоре аз сӯи Ғарб. Ин фақат дар бораи барномаи ҳастаист.”

Бритониё ва дигар аъзои доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмон соли равон бо Эрон дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомиаш музокирот доштанд, вале аз он чизи зиёде ҳосил нашуд. Вилям Ҳейг рӯзи душанбе, таъкид кард, ки умедвор аст, таҳримоти нав Эронро водор хоҳад кард, ба мизи музокирот баргардад:

“Ин таҳримҳо бисёр қавӣ ҳастанд ва таъсироти бузург доранд. Албатта мо хориҷ аз Эрон наметавонем тазмин диҳем, ки роҳи ҳукумати Эронро тағйир хоҳанд дод. Аммо аз ҳар рӯйкарди дигаре беҳтар аст. Мо саъй дорем, то аз даргирӣ ҷилавгирӣ кунем. Мо саъй мекунем, то ба музокироти сулҳомез бирасем. Мо дар тамоми муддат ҳамроҳ бо таҳрим музокираро низ пай мегирем. Ҳар рӯйкарди дигаре шикаст хӯрдааст. Музокироти бидуни таҳрим муваффақ набудааст. Аз ин рӯ ин беҳтарин сиёсат барои ҳалли сулҳомези барномаҳои ҳастаии Эрон буда ва умедворем, ҳукумати Эрон  бо мушорикати ҷиддӣ дар музокирот ба ин сиёсат посух бидиҳад. “

Бар асоси таҳримоти тоза, воридоти гази Эрон ба Иттиҳодияи Аврупо ва фурӯши фулоду алюминиум аз инҷо ба Эронро мамнӯъ мекунад. Вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин тавофуқ карданд, ки киштиҳои афрод ва ширкатҳои кишварҳои узв аз ин пас наметавонанд нафту маводи нафтии Эронро интиқол диҳанд ва ё онҳоро дар анборҳояшон нигаҳ доранд. Фурӯши васоил ва абзори лозим барои киштисозӣ дар Эрон низ мамнӯъ шуд. Дар ниҳоят муомилоти молӣ бо бонкҳои Эрон, ки мумкин аст, барои барномаҳои ҳастаӣ ва мушаксозии Эрон ҳам равона шавад, бар асоси таҳримоти тоза мамнӯъ аст.

Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, Иттиҳодияи Аврупо саъй дорад, ки таҳримоти нав таъсири манфӣ бар мардуми Эрон надошта бошад, вале ин эҳтимолиятро сарфи назар намекунад. Вилям Ҳейг афзуд, ки кишвараш бар мавзеъгирии ҳукумати Исроил пойбанд нест, ки гуфтааст, бояд барои Эрон хати сурх муайян карда шавад:

“Мо ҳеҷ хати сурхе дар назар намегирем, мо ҳеҷ зарбулаҷале ҳам дар назар нагирифтаем. Аммо метавонам, бигӯям, ки ин ба як буҳрони фаврӣ табдил шудааст, чаро ки ҳамзамон бо идома ёфтани барномаи ҳастаии Эрон, теъдоди сентрифугаҳои Эрон ҳам афзоиш ёфтааст ва мизони ураниуми ғанисозишудаи Эрон ҳам афзоиш ёфтааст. Буҳрон бузургтар ва таҳдидофаринтар шудааст ва ба ҳамин далел ҳам, мо имрӯз инҷо дар Аврупо танбеҳоти тоза андешидем. “

Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон мехоҳад, таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Эрон мегӯяд, чунин қасде надорад ва барномаҳои атомиаш барои тавлиди нерӯи барқ ва дигар ҳадафҳои сулҳомез аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi