10:48:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

СУРИЯ БА ДАСТ ДОШТАН ДАР ИНФИҶОРИ БЕЙРУТ МУТТАҲАМ ШУД

Сиёсатмадорони мухолифи Башор Асад дар Лубнон, давлати Сурияро ба даст доштан дар инфиҷори рӯзи ҷумъа (19 октябр) дар Бейрут муттаҳам кардаанд. Саъд Ҳарирӣ аз раҳбарони сиёсии мухолифи давлати Лубнон ва Валид Ҷунбалот, раҳбари фирқаи дарузӣ гуфтаанд, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар пушти пардаи бумбгузории Бейрут будааст.

/images/stories/2012/10/20_beirute_explosion_201012.jpgЭътилофи таҳти раҳбарии оқои Ҳарирӣ ҳамчунин хоҳони истеъфои давлати Лубнон шудааст. Рӯзи ҷумъа 19-уми октябр инфиҷори шадиде дар маҳалли умдатан масеҳинишини Ашрофияи Бейрут рӯй дод, ки ба кушта шудани ҳашт нафар, аз ҷумла сарҳанг Висом Алҳасан, раиси бахши иттилоъоти нерӯҳои амнияти миллии Лубнон ва захмӣ шудани теъдоди дигаре мунҷар шуд.

Сарҳанг Висом Алҳасан ба Саъд Ҳарирӣ аз мунтақидони ҷиддии Сурия дар Лубнон наздик буд. Падари Саъд, Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон дар соли 2005 террур шуда буд ва сарҳанг Висом Ал Ҳасан масъули таҳқиқе буд, ки Сурияро дар қатли Рафиқ Ҳарирӣ муқассир мехонад.

Висом Алҳасан ҳамчунин ба тозагӣ боздошти як вазири собиқеро созмондиҳӣ карда буд, ки муттаҳам ба барномарезӣ барои бумбгузориҳои созмонёфта бо ҳимояти Сурия буд. Ҳамлаи рӯзи ҷумъа (19 октябр) хунбортарин ҳамла дар Бейрут зарфи 4 соли гузашта аст.

Дар моҳҳои ахир даргириҳое байни гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ ва алавӣ дар Лубнон гузориш шуда ва ба нигаронӣ дар мавриди густариши даргирии фирқаии Сурия ба ин кишвар доман задааст.

Ҷомеъаи мусалмони Лубнон ба гурӯҳҳои тарафдори Башор ва гурӯҳҳои мухолифи ӯ тақсим шудаанд. Ағлаби шиъаён дар миёни ҳомиёни ҳукумати Сурияанд ва гурӯҳҳои суннӣ ғолибан мухолифи Асад ҳастанд. Бо идомаи ҷанги дохилии Сурия таниш миёни ин гурҳҳо дар Лубнон низ шиддат гирифтааст.

Оқои Ҳаририрӣ ба як шабакаи телевизиюнии Лубнон гуфтааст: “Мо Башор Асадро дар террури Висом Алҳасан, касе ки зомини амнияти лубнониҳо буд, муттаҳам мекунем.”

Валид Ҷунбалот, раҳбари фирқаи дарузӣ ба шабакаи маҳвораии “Алъарабия” гуфтааст: “Ончи (Башор Асад) ба мо мегӯяд, ин аст, ки “Омодаам, ки дар ҳар ҷое одам бикушам”, ҳатто дар шароите, ки Сурияро ба як вайрона табдил кардааст.”

Эътилофи 14 марти оқои Ҳаририрӣ дар як иттилоъия, давлати Лубнонро ба ҳимоят аз “ҷинояткорон” муттаҳам кард ва хоҳони канорагирии давлат шуд.

Ба дунболи инфиҷори рузи 19 октябр мухолифони давлати Сурия дар Бейрут ва Тароблус даст ба тазоҳурот заданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi