02:29:37 18-уми Июли 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЛУБНОН ОМОДАИ ХОКСУПОРИИ ҚУРБОНИЁНИ ХОКСУПОРӢ МЕШАВАД

Саъд Ҳарирӣ, аз роҳбарони мухолифон дар Лубнон аз тамомии мардуми ин кишвар хостааст то дар маросими хоксупории Виссом Алҳасан, раиси иттилоъоти пулиси Лубнон ширкат кунанд.

/images/stories/2012/10/21_wissam_al_hassan_211012.jpgОқои Алҳасан рӯзи ҷумъаи 19 октябр дар пайи инфиҷори бумбе дар Бейрут кушта шуд. Дар ин инфиҷор ҳафт нафари дигар низ кушта ва беш аз 80 нафар захмӣ шуданд. Оқои Ҳарирӣ, ки Сурияро масъули ин бумбгузорӣ медонад, гуфт: "Аз ҳама даъват мешавад дар ин маросим ширкат кунанд."

Дар пайи бумбгузории ахир дар чандин нуқтаи Лубнон тазоҳуроти зиддисурӣ баргузор шудааст. Бархе аз тазоҳуркунандагон бо бастани хиёбонҳо ва оташ задан ба лостики (балони) худравҳо (автомобилҳо) боъиси эҷоди ихтилол дар рафту омад шуданд.

Рӯзи шанбеи 20 октябр гузоришҳое низ аз тазоҳуроти мушобеҳ дар ҷануби Таробулус мунташир шудааст. Виссом Алҳасан, раиси иттилоъоти пулиси Лубнон ва аз наздикони Саъд Ҳарирӣ ва эътилофи мавсум ба "14 март" буд.

Қарор аст маросими хоксупории вай дар майдони Шуҳадо дар маркази Бейрут баргузор шавад. Як мақоми лубнонӣ ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, қи ҷасади Виссом Алҳасан дар канори Рафиқ Ҳарирӣ, падари Саъд Ҳарирӣ, ки дар соли 2005 дар асари як инфиҷор кушта шуд, ба хок супурда мешавад.

Сиёсатмадорони мухолифи Башор Асад дар Лубнон давлати Сурияро ба даст доштан дар инфиҷори рӯзи ҷумъа муттаҳам кардаанд. Аммо давлати Сурия ин инфиҷорро маҳкум кардааст. Ахиран танишҳо дар Сурия ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Лубнон сарозер шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi