03:50:25 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАШОР АСАД БОРИ ДИГАР МУДОХИЛАИ ХОРИҶИРО БАРОИ ҲАЛЛИ БУҲРОНИ СУРИЯ РАД КАРД

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар баёнияе, ки имрӯз якшанбеи 21 октябр мунташир шуда, эълом кард, ки аз ҳар роҳи ҳалле барои поён додан ба буҳрони Сурия то замоне, ки ба тамомияти арзии он кишвар эҳтиром гузошта шавад, истиқбол мекунад.

/images/stories/2012/10/21_brahimi-asad-211012.jpgДар баёнияе, ки дар пайи мулоқоти раиси ҷумҳури Сурия бо Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милал барои ҳалли буҳрони Сурия мунташир шуда, оқои Башор Асад бори дигар мудохилаи хориҷиро ба увнони бахше аз роҳи ҳалли буҳрони Сурия рад кард.

Оқои Иброҳимӣ пас аз ин мулоқот дар ҷамъи хабарнигорон бидуни ишора ба ҷузъиёти музокироташ бо раиси ҷумҳури Сурия гуфт, ки бо оқои Асад дар мавриди оташбас дар таътилоти серӯзаи иди Қурбон музокира кардааст. Оқои Иброҳимӣ афзуд, ки дар интизори посухи давлати Сурия ба ин дархост аст.

Намояндаи Созмони Милал барои ҳалли буҳрони Сурия ба хабарнигорон гуфт, ки баъзе аз аъзои гурӯҳҳои мухолиф, ки бо онҳо дидор карда бо пешниҳоди оташбас дар айёми иди Қурбон танҳо дар сурате, ки нерӯҳои давлатӣ ҳам ба он пойбанд бошанд, мувофиқ ҳастанд.

Ҳамзамон бо дидори оқои Иброҳимӣ ва раиси ҷумҳури Сурия бумбе дар минтақаи масеҳинишини Боб Тумо, ки дар бахши қадимии Димишқ воқеъ аст, мунфаҷир шудааст. Расонаҳои давлатии Сурия гуфтаанд, ки ин инфиҷор дар муҷовирати як посгоҳи пулис дар ин минтақа рух дод.

Гузоришҳо аз эъзоми омбулонсҳо ба маҳалли ҳодиса ҳикоят доранд ва нерӯҳои амниятии Сурия дар ҳоли ҳозир навоҳии атрофи ин минтақаро масдуд кардаанд. Ба гуфтаи телевизиюни давлатии Сурия дар ҷараёни ин инфиҷор 10 нафар кушта ва шуморе маҷруҳ шудаанд.

Оқои Иброҳимӣ, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ба Димишқ сафар карда ва дирӯз бо Валид Муъаллим, вазири умури хориҷаи Сурия дидор ва музокира карда буд. Вазорати умури хориҷаи Сурия гуфтааст, ки Валид Муъаллим дар ҷараёни дидораш бо оқои Иброҳимӣ хостааст, ки бо таваққуфи хушунатҳо заминаи лозим барои анҷом гуфтугӯҳое барои ҳалли буҳрон дар Сурия фароҳам шавад.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Сурия "анҷоми гуфтугӯи бидуни ҳар гуна мудохилаи хориҷӣ, танҳо роҳи бурунрафт аз буҳрони феълӣ аст."

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки оқои Муъаллим дар ҷараёни ин дидор аз кишварҳои ҳамсоя ба далели паноҳ додан, мусаллаҳ кардан ва ҳамчунин омӯзиш додани шӯришиён ба оқои Иброҳимӣ шикоят кардааст.

Ба гуфтаи Сурия амалкарди шӯришиёни мухолиф маъмурияти оқои Иброҳимро хадашадор мекунад. Сурия мукарраран Туркия, Арабистони Саъудӣ ва Қатарро ба ҳимоят аз шӯришиёни мусаллаҳ муттаҳам кардааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi