04:20:46 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛАВРОВ: "ҲЕҶ МУОМИЛАЕ БАР САРИ ОЯНДАИ АСАД ҶОЙ НАДОРАД"

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш ҳеҷ гоҳ масъалаи тағйири режими Сурияро бо Амрико матраҳ накардааст.

/images/stories/2012/11/05_lavrov-051112.jpg"Мо бо ҳеҷ кас бар сари ояндаи кишвари сеюм музокироти пинҳонӣ анҷом надодем. Мо ҳеҷ гоҳ дар бораи сарнавишти ояндаи Башор Асад муомилоти пинҳониро бо Амрико ба роҳ намондаем" ,-гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.

Сергей Лавров рӯзи душанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Қоҳира сӯҳбат мекард. Ӯ дар ин ҷо гуфтугӯҳоеро барои ҳалли низои Сурия баргузор кардааст. Вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш ҷонибдори Эъломияи Женева аст, ки моҳи июн қабул шуд ва барои ҳалли буҳрон дар Сурия ба таъсиси ҳукумати даври гузариш даъват мекунад.

Лавров қудратҳои ғарбиро барои пуштибонӣ аз мухолифин ва ҳамин тавр ба дарозо кашидани низои Сурия танқид кард. Ӯ гуфт, "баъзе ширкатдорони музокироти Женева мухолифинро на дар пояи гуфтушунид, балки дар платформаи идомаи муборизи мусаллаҳона муттҳаид мекунанд.  Ин ба маъноест, ки онҳо омодаанд, мавқеи худро, ки хилофи Женева аст ба қиммати ҷони шаҳрвандони Сурия ҳифз кунанд."

Лавров ҳамчунин аз ибтикори Миср барои ҷалби чаҳор кишвари Ховари Миёна бо талоши ҳалли буҳрони Сурия пуштибонӣ кард. Пешниҳоди Миср ҳамчунин ҷалби Арабистони Судӣ, Туркия ва Эронро дар гуфтугуҳо ба назар гирифтааст. Ба ҷуз Эрон, ки аз шарикони Башор Асад ҳаст, ду кишвари боқимонда - Арабистони Саудӣ ва Туркия гуфтаанд, Асад бояд биравад.

Намояндагони Арабистони Саудӣ дар гуфтугӯҳои ибтидоӣ иштирок карданд, вале аз ду ҷаласаи баъдии вазирон сарфи назар намуданд. Русия якҷоя бо Чин се пешнависи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи ҷорӣ шудани таҳримот алайҳи Сурияро вето карданд.

Сафари Лавров дар минтақаи Ховари Миёна дар ҳоле ҷараён  гирифт, ки ҷиноҳҳои мухолифини Сурия дар Қатар ба гуфтугӯ нишастааст. Ҳадафи нишаст ба ҳам овардани мухолифини парокандаи ин кишвар будааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷиноҳи асосии мухолифини Сурия, "Шӯрои Миллӣ" даъват кард, ки раҳбарии онро аз ҳисоби гурӯҳҳои дигари мухолифин густариш диҳад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi