15:58:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИМА БАРОИ ЯК ДАВРАИ ДИГАР УЗВИ ШӮРОИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ СММ ШУД

Дар баробари Амрико, 17 кишвари дигар ҳам барои як давраи сесола, аъзои ин Шӯро интихоб шуданд. Сафири ИМА дар СММ Сюзан Райс мегӯяд, овоздиҳии рӯзи душанбе дар Маҷмаи кулли СММ собит кард, ки ИМА дар ин созмони байналмилалӣ нақши пешворо бар ӯҳда дорад:

/images/stories/2012/11/13_suzan-rays-131112.jpg“Имрӯз раёсати маъмурияти президенти ИМА Обама дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ натиҷа овард. Овоздиҳии имрӯза тасдиқ мекунад, ки нақши раҳбарии ИМА дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва умуман, низоми СММ ҳамоно ба мардуми Амрико ва аҳли олам самара меорад.”

Ба қавли хонум Райс, ИМА саъй хоҳад кард, таваҷҷӯҳи ин ниҳоди дидбони ҳуқуқи башарро ба масъалаҳои хос ҷалб намояд: “Дар ҳоле ки кори зиёде ҳанӯз ҳам бояд иҷро шавад, интихоби имрӯза ба ИМА имкон медиҳад, ки дастовардҳоямонро таҳким бахшида, дар бораи камбудиҳои давомдор, аз ҷумла таваҷҷӯҳи бидуни мувозинати Шӯро дар муқобили Исроил ҳарф зада, дар баробари он барои ҳифзи ҳуқуқи башар ва арзишҳои башарӣ, ки дар маркази таваҷҷӯҳи амрикоиҳо қарор доранд, қиём намоем.”

Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон низ ӯҳдадор шуд, ки ҳамкории зич бо ҷомеаи ҷаҳониро идома диҳад.

Ҳамроҳ бо ИМА Олмон ва Ирландия дар гурӯҳи  кишварҳои “Аврупои ғарбӣ ва дигарон” ба узвияти Шӯро интихоб шуданд.  Ҳамчунон Аргентина, Бразилия, Венесуэла аз номи кишварҳои Амрикои Лотинӣ, кишвари Соҳили Оҷ (Ivory Coast) Эфиопия, Габон, Кения, Сиера Леоне аз номи Африқо, Япония, Қазоқистон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб аз номи Осиё  ва Эстонияву Черногория аз номи кишварҳои Аврупои шарқӣ ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пазируфта шуданд.

Сар аз якуми январи соли оянда кишварҳои тозаинтихобшуда ҷои 18 кишвари барканоршуда Шӯрои ҳуқуқи башарро ишғол хоҳанд кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi