КУШТА ШУДАНИ ТОҲИРИ ЮЛДОШ ДАР ПОКИСТОН
Мақомоти иттилоъотии Покистон фош кардаанд, ки Тоҳири Юлдош, раҳбари шибҳанизомиёни ӯзбактабори вобаста ба гурӯҳи Алқоида дар манотиқи қабоилии ин кишвар кушта шудааст.
Тоҳири Юлдош, раҳбарии Ҳизби Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро бар ӯҳда дошт ва аз чанд сол ба ин сӯ фаъолиятҳои зиддидавлатиро дар Афғонистон ва Покистон созмондиҳӣ мекард. Гуфта мешавад афроди вобаста ба гурӯҳи таҳти раҳбарии Тоҳири Юлдош дар бархе аз нооромиҳои манотиқи шимоли Афғонистон, ки ҳаммарз бо Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аст, даст доштаанд. Афроди ин гурӯҳ дар канори шӯришиёни вобаста ба Талибон ва гурӯҳи Алқоида бо нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон ва нерӯҳои афғон ва покистонӣ даргир будаанд.
Ҳадафи аслии ин гурӯҳ барқарории ҳукумати исломӣ дар кишвари Ӯзбакистон аст. Мақомҳои покистонӣ гуфтаанд, ки Тоҳири Юлдош, дар моҳи августи имсол дар пайи ҳамалоти мушкии Омрико дар шимолу ғарби Покистон кушта шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ ин раҳбари ӯзбактабори шӯришиён дар Вазиристони ҷанубӣ дар паноҳгоҳи шибҳанизомиён ҳадафи асобати мушак қарор гирифт.
Вай аз чанд сол ба ин сӯ дар ин минтақа мустақар буд. Мақомҳои давлати Афғонистон то ҳол аз изҳори назар дар бораи хабари кушта шудани Тоҳири Юлдош худдорӣ кардаанд. Агар хабари кушта шудани Юлдош воқеъият дошта бошад, бояд онро таҳвиле муҳимм дар мубориза бо тундравони исломгаро дар минтақа шумурд.
Нерӯҳои омрикойӣ дар соли 2007 мелодӣ барои боздошт ё куштани дувоздаҳ тан аз раҳбарони Толибон ва Алқоида то дусад ҳазор дулор ҷоиза таъйин карданд, ки Тоҳири Юлдош, яке аз ин афрод буд.
Ин раҳбари Алқоида дар баёнияе дар соли 2006 мелодӣ раҳбарои Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба "таъқиби терур ва фишору тазйиқи мусалмонон" муттаҳам сохт ва ононро ба "муҷозот" таҳдид кард. Ҳизби таҳти раҳбарии Тоҳири Юлдош дар кишварҳои Осиёи Миёна ғайриқонунӣ ва фаъолияти он мамнуъ аст.
Би-Би-Си