00:26:22 12-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КЭТРИН ЭШТОН ИМРӮЗ БО ИСЛОМ КАРИМОВ, ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН МУЛОҚОТ МЕКУНАД

Кэтрин Эштон, Вакили олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати бехатарӣ, Ноиб-президенти Комиссия имрӯз дар Тошканд бо Ислом Каримов, президенти Ӯбекистон дидору мулоқот мекунад. Ташрифи Вакили олӣ дирӯз аз Қирғизистон шурӯъ шуда, дар он ҷо ӯ дар Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо раисӣ намуд.

/images/stories/2012/11/28_ketrieshton_281112.jpgДар арафаи сафари худ, Кэтрин Эштон гуфт: «ИА дар Осиёи Марказӣ тариқи ҳузураш дар маҳалҳо ва тавассути ҳамкорӣ бо шарикони худ дар минтақа нақши муҳим бозида истодааст. Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба мо имконияти муҳокимаи масоили дорои манфиати мутақобила, аз он ҷумла бехатарӣ ва ҳамкории минтақавӣ, қувваи барқ, муҳити атроф ва масалаҳои об, ва инчунин дигар самтҳои аввалиндараҷаи Дурнамои ИА-Осиёи Марказӣ, аз қабили маориф, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва ташаббусҳо дар соҳаи ҷомеаи шаҳрвандиро хоҳад дод.

Ба тариқи дастгирии иҷрокунии ислоҳот ва раванди гузариш ба сохтори дигар, мо умедворем, ки ба густариши тиҷорат ва ҷалб кардани сармоя мусоидат намоем. Панҷ сол баъд аз қабули Дурнамои ИА оиди Осиёи Марказӣ, Ҷаласа бояд, инчунин, ба баргузории арзёбии ҳамкории мо ва тақвияти он мусоидат хоҳад кард».

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо нахустин бор дар Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи 27 ноябр баргузор гардид. Дар он Вазирони ё муовинони вазирони корҳои хориҷии ҳамаи мамолики Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) иштирок карданд.

Ҷаласаи вазирони мазкур бори нӯҳум аз вақте ки Иттиҳоди Аврупо Дурнамои Осиёи Марказиро дар соли 2007 қабул кард, ва пас аз қабули хулосаҳои Шӯрои корҳои хориҷӣ оиди Осиёи Марказӣ ва Маърӯза дар бораи равиши татбиқи Дурнамо, гузаронида мешавад.

Дирӯз дар шаҳри Бишкек Вакили олӣ ҳамчунин бо Раисҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва Вазири корҳои хориҷӣ Эрлан Абдилдаев мулоқот кард.

Рӯзи панҷшанбеи 29 ноябр, дар шаҳри Душанбе, Вакили олӣ бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард.

Дар ин сафари худ Вакили олӣ/Ноиб-президент инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳад кард.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi