01:16:48 03-уми Июни 2025 сол

АБДУЛЛОҲ: НАМОЯНДАИ СММ АЗ КАРЗАЙ ҲИМОЯТ КАРДААСТ

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Афғонистон Кой Ойда, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистонро ба ҳимоят аз Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам кард.

 

Ин номзади муътаризи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин мавзӯъро пас аз изҳороти ахири Питер Голбройт, муъовини барканоршудаи оқои Койда матраҳ кардааст. Оқои Колбройт, ки пас аз ихтилоф бо раиси пешини худ аз кор барканор шуд, гуфта ки Кой Ойда монеъи таҳқиқот дар бораи "тақаллуб" дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон шудааст. Оқои Абдулло дар ин нишаст гуфт, ки суханони оқои Голбройт нигарониoои ӯро дар бораи шаффофияти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ афзоиш додааст.

 

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ситоди интихоботии ӯ ҳам пеш аз ин иттилоъотеро ба даст оварда буд, ки оқои Ойда аз як номзади хос дар интихобот ҳимоят мекунад. Оқои Абдулло адами интишори гузорише дар бораи мизони мушорикати раъйдиҳандагон ва шаффофияти интихобот аз сӯйи дафтари ЮНОМО дар Кобулро яке аз далоили иддаъои худ унвон кард.

 

Ба гуфтаи ӯ, Кой Ойда монеъи интишори ин гузориш шуда, ки баёнгари мизони пойини мушорикати раъйдиҳандагон ва шаффофият дар интихобот дар кишвар, бавижа манотиқи ҷанубии Афғонистон будааст.

 

Оқои Абдуллоҳ афзуд, ки як мавриди мушаххас дар ин гузориш ин буда, ки мизони мушорикати раъйдиҳандагон дар Қандаҳор ҳудуди 60 ҳазор нафар зикр шуда буда, аммо орои шумурдашуда беш аз 250 ҳазор аст. Ба гуфтаи ӯ, аз интишори ин гузориш ба далели ин худдорӣ шуда, ки ин гузориш боварҳоро дар бораи "адами шаффофият"-и интихобот дар кишвар тақвият мекард.

 

Оқои Абдуллоҳ гуфт: "Созмони Милал муассисае аст, ки Афғонистон ҳамеша ба он эҳтиром дошта ва Афғонистон ЮНОМО-ро дар ҳалли қаҳияҳо нуқтаи меҳварӣ донистааст. Вақте ки дар мавриди шахсияте, ки намояндагӣ аз дабири кулли Созмони Милал дорад, суолоти бисёр ҷиддӣ пайдо мешавад, шумо метавонед тасаввур кунед, ки нигаронӣ дар чи маврид аст ва чи қадар аст."

 

Аммо Нилоб Мубориз, яке аз сухнгӯёни намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон зимни радди ин иттиҳомот гуфт, ки баррасии иддаъоҳо мабнӣ бар тақаллуб дар интихобот масъулияти Кумисиюни баррасии шикоёти интихоботӣ аст.

 

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки намояндаи Созмони Милал дар Афғонистон аз ҳеҷ номзади хосе дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят накардааст. Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, Ҳомиди Карзай, беш аз 53 дарсад, Абдуллоҳи Абдуллоҳ наздик ба 28 дарсад ва Рамазон Башардӯст беш аз 9 дарсади ороро ба даст овардаанд.

 

Оқои Абдуллоҳ пеш аз ин ҳомиёни оқои Карзайро борҳо муттаҳам ба "тақаллуби густарда" дар интихобот карда буд, аммо ин нахустин бор аст, ки фиристодаи вижаи Cозмонро ҳам мавриди интиқод қарор медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон то ҳол эълом нашудааст ва пеш аз поёни баррасии шикоёти матраҳшуда, натоиҷи ниҳоии интихобот эълом нахоҳад шуд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854