ИНТИҚОДИ ГОЛБРАЙТ АЗ НАМОЯНДАИ СММ
Питер Голбрайт, муъовини барканоршудаи намояндаи СММ дар Афғонистон раиси собиқи худро “марди Карзай дар Созмони Милали Муттаҳид” хонд. Питер Голбрайт, муъовини омрикоии Кай Ойда, намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ахиран дар пайи ихтилоф бо раиси пешини худ аз Афғонистон фаро хонда шуд.
Вай мегӯяд, ки Кай Ойда монеъи “таҳқиқот” дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон мешуд. Питер Голбрайт душанбе, 5 октябр, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки раиси собиқаш бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, робитаи хубе дорад ва ӯро муттаҳам кард, ки “марди Карзай дар СММ шуд, на фиристодаи СММ ба Карзай.” Ӯ гуфт: “Замоне ки барои Кай Ойда равшан шуд, ки мадорик барои президент Карзай зиёнатбор хоҳад шуд, ба мо дастур дод, ки бо он ҳеҷ коре накунем.”
Аммо намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки муъовини собиқи ӯ дар пайи гирифтани интиқоми шахсист. Кай Ойда, ки аҳли Норвеж аст, гуфт, ки ҷомеъаи байналмилалӣ ва давлати Омрико комилан ба ӯ эътимод дорад ва таъкид кард, ки муъовини собиқаш тавассути ӯ ихроҷ нашуд.
Бар асоси гузоришҳо Бон Ки Мун, дабири кулли СММ шахсан тасмим гирифт, ки ба муъовинати Питер Голбрайт дар Афғонистон поён диҳад ва ӯро аз ин кишвар фаро хонд. Бархе аз аъзои кобинаи Афғонистон пеш аз ин мухолифати худро бо идомаи кори Питер Голбрайт дар Афғонистон эълом карда буданд.
Питер Голбрайт ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки мухолифони давлати Афғонистон ба оқои Ойда ва кормандонаш эътимод надоранд. Пештар Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон Кай Ойдаро ба ҳимоят аз Ҳомид Карзай дар интихобот муттаҳам карда буд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон зимни таъкид бар баррасии иттиҳомҳои матраҳшуда дар бораи тақаллуб дар интихобот, гуфтааст, ба саломати ин интихобот бовар дорад. Питер Голбрайт дар мусоҳибааш бо Би-би-сӣ гуфт, ки намояндагии СММ дар Афғонистон бо ҳазорон корманд соле 300 миллюн дулор ҳазина дорад, аммо ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир бидуни раис аст.
Суханони оқои Голбрайт дар интиқод аз Кумиссюни интихоботи Афғонистон боъиси хашми Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурӣ ва шуморе аз аъзои кобинаи ӯ шуда буд. Питер Голбрайт хоҳони бозшумории тамоми орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон шуда буд, аммо бархе аз мақомҳои афғон мавзеъи ӯро мудохила дар умури Афғонистон донистанд.
Гурӯҳи назоратии Иттиҳодияи Урупо бар интихоботи Афғонистон пештар эълом карда буд, ки саломати яку ним милиюн раъйи рехташуда ба сандуқҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар бо шакку тардид рӯбарӯст. Натиҷаи ниҳоии интихоботи Афғонистон ба далели иттиҳоми “тақаллуби густарда” дар он ҳанӯз эълом нашудааст.
Би-Би-Си