02:12:22 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

"ҶОЙГИРКУНИИ "ПАТРИОТ" ДАР ТУРКИЯ, БАРОИ ҲИФЗИ ИСРОИЛ АСТ"

Теҳрон мегӯяд, истиқрори мушакҳои «Патриот» дар Туркия, барои ҳифозат аз Исроил дар баробари мушакҳои Эрон аст. Ба гузориши хабаргузории «Форс», Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ба шабакаи хабарии «Ал-Манор»-и Лубнон гуфтааст, НАТО ва Амрико мушакҳои «Патриот»-ро барои муқобила бо вокуниши мушакии Эрон ба ҳамлаи эҳтимолии Исроил, дар Туркия мустақар кардаанд.»

/images/stories/2013/01/06_romin-mehmonparast-2013.jpgСухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон бо эъломи инки Туркия дар ҳеҷ ҳамлае алайҳи Эрон ширкат нахоҳад кард, гуфт, «контроли мушакҳои «Патриот» на дар ихтиёри Туркия, балки дар ихтиёри НАТО ва Амрико аст.»

Анқара эълом кардааст, ки ҳадаф аз истиқрори мушакҳои «Патриот» дар марзҳои муштараки ин кишвар бо Сурия, дифоъ аз амнияти миллии Туркия аст. Ромин Меҳмонпараст мегӯяд, истиқрори мушкаҳои «Патриот» дар Туркия, барои ҳифозат аз Исроил дар баробари мушакҳои Эрон аст.

​​Дар ҳамин ҳол истиқрори нерӯҳои Амрико дар Туркия ба хотири идораи мушакандозҳои Patriot шурӯъ шудааст. Туркия, ки узви НАТО мебошад,  расман дар моҳи ноябри соли 2012  ба хотири дифоъ аз таҳдидҳои ношӣ аз низоъ дар кишвари ҳамсояи Сурия аз паймони низомии НАТО хоста буд, 900 километр марзҳояш бо Сурияро бо чунин аслиҳаҳои вазнин тақвият кунад.

Ошӯбҳои Сурия алайҳи режими раиси кунунии он ҷумҳурӣ Башор Асад дар моҳи марти соли 2011 оғоз ёфта, батадриҷ ба низои мусаллаҳона сабаб шуд ва инак бо беш аз 60 000 қурбониаш ҳарчӣ бештар як ҷанги комили шаҳрвандӣ эътироф мешавад.

Оташи ин ҷанг кам-кам ба кишварҳои ҳамҷавори Сурия ҳам таъсир мекунад. Лубнон алакай чанд дафъа шоҳиди мавҷи даргириҳо байни сунниҳо ва пайравони равияи алавии мазҳаби шиа шуд, ки ба далоили мазҳабӣ аз Башор Асад ҳимоят мекунанд. Туркия, ки ба даҳҳо ҳазор гуреза аз Сурия паноҳгоҳ додааст, дар поёни соли гузашта мавриди чандин тирборон аз қаламрави Сурия қарор гирифт.

Мушакандозҳои Patriot метавонанд ҳавопаймоҳову мушакҳоеро, ки ба ҳарими Туркия таҳдид мекунанд, бизананд. Ситоди аврупоии артиши Амрико гуфт, дар маҷмӯъ барои идораи ду шабакаи Patriot, ки Вашингтон ба хотири кӯмак ба ин муттаҳидаш дар НАТО  ҷудо кардааст, ҳудуди 400 нерӯи амрикоӣ дар Туркия ҷобаҷо хоҳанд шуд. Нахустин нерӯи Амрико рӯзи ҷумъа ба Туркия расид.

Тибқи тавофуқ, Олмон ва Ҳолланд низ ҳар кадом ваъдаи таъмини 2 шабакаи Patriot ва эъзоми то 400 сарбозу афсар ба Туркияро додаанд. Эъзоми нерӯҳои он ду кишвар ба Туркия, интизор меравад, ҳафтаи оянда оғоз шавад.

Тибқи барнома, ин 6 шабакаи Patriot аз поёни моҳи январ фаъол карда хоҳанд шуд. НАТО мегӯяд, ҳадаф аз истиқрори мушакандозҳои Patriot дифоъ аз Туркия аст, на пуштибонӣ аз пешниҳоди таъсиси минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар ҳарими ҳавоии Сурия. Аммо тасмими истиқрори ин аслиҳа дар Туркия ба интиқоди тунди режими Башор Асад ва ҳам муттаҳидони калидиаш , Эрону Русия, рӯбарӯ шудааст.

Истиқрори нерӯҳои Амрико дар Туркия дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки даргириҳо дар Сурия боз ҳам шиддат мегиранд. Созмони Милал ахиран гуфт, тайи 21 моҳи ошӯбҳо дар ин кишвари арабӣ беш аз 60 000 нафар ҷон бохтаанд. Рӯзи ҷумъа нерӯҳои ҳавоиву заминии давлати Сурия манотиқи зери дасти чирикиҳоро дар атрофи Димишқ бомбборон карданд.  Ин амалиёт як рӯз баъд аз таркиши бомб дар як истгоҳи фурӯши маводи сӯхт дар шимоли пойтахти Сурия аст, ки камаш 11 кушта ба ҷо гузошт. Рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба як истгоҳи дигари фурӯши сӯхт дар Димишқ даҳҳо нафар кушта шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi