18:18:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭЪЛОНИ ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ ДАР СЕ ШАҲРИ МИСР

Дар пайи тазоҳурот дар Порт Саид, раиси ҷумҳури Миср барои 30 рӯз дар се шаҳри ин кишвар, ҳолати фавқулодда эълон кард. Дар пайи тазоҳуроти хунбори Порт Саид, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср ба муддати 30 рӯз дар шаҳрҳои Порт Саид, Суетс ва Исмоилия ҳолати изтирорӣ эълон кард.

/images/stories/2013/01/28_protest-misr-28012013.jpgСуханронии Муҳаммад Мурсӣ дар якшанбешаб дар ҳоле анҷом шуд, ки дар ҳамин рӯз дар ҷараёни тазоҳуроти хушунатбор дар Порт Саид, чаҳор тан кушта ва беш аз 400 тан захмӣ шуданд. Ҳазорон мисрӣ дар маросими ҷанозаи 33 нафар, ки дар дар тазоҳуроти рӯзҳои ҷумъа ва шанбе кушта шуда буданд, дар ин шаҳр даст ба эътироз заданд.

Ҷумъаи гузашта дар пайи судури ҳукми эъдоми 21 нафар ба иттиҳоми мушорикат дар хушунатҳои мусобиқаи футболи соли гузашта дар Порт Саид, мӯътаризон дар ин шаҳр даст ба тазоҳурот заданд.

1 феврали соли гузашта бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаҳои маҳаллии “Масрӣ” ва “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи “Аҳлӣ” ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.

Додгоҳ ҳамаи 21 нафарро дар ташкили бенизомиҳо ва куштори одамон муттаҳам хонд. Қарор аст ҳукми 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон мешавад.

Рӯзи шанбе ҳамчунин нерӯҳои низомӣ ва тонкҳо ба шаҳри Суэтс ворид карда шуданд, то аз идомаи бенизомиҳо дар ин шаҳр ҷилавгирӣ шавад. Беназмиҳо дар ин ва дигар шаҳрҳои Миср алайҳи ҳукумати Мурсӣ дар солгарди ошӯби зидди режими Ҳуснӣ Муборак шурӯъ шуданд.

Мухолифини ҳукумати Миср мегӯянд, агар раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ роҳҳалли муносиби бӯҳрони сиёсии феълиро пайдо накунад, онҳо интихоботи парлумониро таҳрим мекунанд. Эътилофи аҳзоби мухолиф пешниҳод кардааст, ки то рӯзи интихобот дар кишвар "ҳукумати наҷоти миллӣ" таъсис шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi