19:53:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

NYT:ТОШКАНД ХОСТОРИ СИЛОҲУ ЗИРЕҲПӮШҲОИ НАТО ШУДААСТ

Мақомоти Ӯзбакистон аз НАТО хостаанд, ки дар ивази иҷозаи убур аз қаламрави кишвар ҳангоми хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон техникаи низомиву силоҳашро дар ихтиёри Тошканд гузорад.

/images/stories/2013/02/01_nato-artish-010213.jpgДар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба мансабдорони НАТО, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва расонаҳои олмонӣ хабар додааст. Хабарнигори рӯзнома Эндрю Крамер навиштааст, ки Ӯзбакистон дар бораи чунин созиш ғайрирасмӣ ба мақомоти ИМА, Олмон ва Бритониё муроҷиат кардааст. Дар ин матлаб омадааст, “ба феҳристи “эҳтое”, ки Тошканд аз Ғарб интизор аст, зиреҳпӯшҳо, чархболҳо, таҷҳизоти муайянкунандаи минаҳо, таҷҳизоти навигатсионӣ ва айнакҳо барои амалиёти шабона, бигузор ҳатто кӯҳнаву чангзеркарда, шомил шудаанд”.

Бар пояи овозаҳо, созиши эҳтимолӣ миёни Тошканд ва Ғарб боиси норозигии Кремл шудааст, ки мехоҳад бо Қирғизистон – ҳамсояи Ӯзбакистон дар мавриди хариду фурӯши силоҳ қарордод имзо кунад. Ҳамзамон нашрия ба он нукта ишора кардааст, ки эмбарго барои аз сӯи Ӯзбакистон харидани силоҳ аз Аврупо ва ИМА побарҷост – фурӯши силоҳ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ даҳ сол пеш баъд аз он манъ карда шуд, ки Ғарб аз ҳалокати маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Ӯзбакистон бар асари ба сару баданашон рехтани оби ҷӯшон дарак ёфт.

Ва аммо, аз нигоҳи The New York Times, пешниҳоди Тошканд барои Ғарб арзишманд аст. Тайи ду соли оянда НАТО бояд аз Афғонистон 70 ҳазор техникаи низомӣ ва 120 ҳазор контейнер бо силоҳу таҷҳизоти ҳарбиро берун кунад ва барои ин роҳи оҳан ва шоҳроҳҳои босифат заруранд. Ба навиштаи рӯзнома, роҳи беҳтарини хурӯҷ, албатта, аз тариқи Покистон аст, аммо Исломобод метавонад дубора роҳро бубандад ё маблағи истифода аз қаламравашро боло барад.

The New York Times хабар додааст, ки Вошингтон пешниҳоди Тошкандро ҷиддӣ гирифтааст ва ҳатто эмбаргои фурӯши силоҳ ба Ӯзбакистонро қисман лағв кардааст. Як мансабдори амрикоӣ бидуни ифшои номаш ба рӯзнома гуфтааст, намояндагони Ӯзбакистон аз ин илҳом гирифта ва акнун мошинҳои зиреҳпӯши боркашро, ки аз таркиши минаҳо эмин мемонанд, низ талаб доранд. Ба навиштаи Der Spiegel, чопи Олмон, ӯзбакҳо хостори силоҳи калибраш хурд ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ҳам шудаанд.

The New York Times менависад, таваҷҷуҳи Ӯзбакистон ба силоҳи ғарбӣ аз он аст, ки Тошканд намехоҳад дар сурати ҷанг бо ҳамсояҳо пойбанди Маскав бошад. Моҳи декабр Ӯзбакистон аз Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ берун шуд. “Дар посух ба ин Русия ба Қирғизистон қарордоди харидории силоҳу таҷҳизоти низомӣ ба маблағи 1 миллиард долларро пешниҳод кард”, омадааст дар матлаби The New York Times.

Эҳтимоли дар ихтиёри Ӯзбакистон қарор гирифтани силоҳи НАТО ҳомиёни ҳуқуқи башарро сахт нигарон кардааст. Корманди созмони Human Rights Watch Стив Свердлоу мегӯяд, вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон миёни кишварҳое, ки ин созмон он ҷо фаъолият мекунад, яке аз мудҳишитаринҳост. "Беш аз 100 ширкати ғарбӣ аз харидории пахтаи Ӯзбакистон ба он далел сарпечӣ кардаанд, ки дар ин кишвар барои ҷамъоварии ҳосил заҳмати кӯдаконро истифода мебаранд", афзудааст муаллифи матлаб дар The New York Times.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi