15:22:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"АЗ СУРЪАТ БАХШИДАН БА БАРНОМАИ ҲАСТАӢ, ХУДДОРӢ КУНЕД"

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа аз Эрон хост, ки аз тасмими худ барои суръат бахшидан ба барномаи атомӣ, худдорӣ кунад. Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Катрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин иқдоми Эронро саркашӣ аз тааҳҳудоти байналмилалӣ донистааст.

/images/stories/2013/02/02_katrin-eshton-02022013.jpgЭрон эълон кардааст, ки сантрифурдҳои пешрафтае барои ғанисозии ураниюм ба пойгоҳи атоми Натанз, насб мекунад. Иқдоме, ки метавонад ба таври қобили мулоҳиза суръати барномаи ҳастаии Эронро афзоиш диҳад. Ин масъала дар айни ҳол нигарониҳои Ғарб дар бораи барномаи ҳастаии Эронро бештар мекунад. Ғарб мегӯяд, ки Эрон дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст. Иддаое, ки Эрон ҳамеша онро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол Фаронса ва Бритониё низ монанди Катрин Аштон дар ин бора ибрози нигаронӣ кардаанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Фаронса гуфтааст, ки қасди Эрон барои насби сентрифугаҳои нав ва пешрафта дар пойгоҳи ҳастаии Натанз, «нишонаи манфӣ» дар остонаи гуфтугӯҳои эҳтимолии Эрон ва шаш қудратӣ ҷаҳонӣ аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳам пеш аз ин нисбат ба барномаи ҳастаии нави Эрон барои насби сентрифугаҳои пешрафта вокуниш нишон дода ва гуфта буд, ки ин иқдом бӯҳрони ҳастаии Эронро шиддат мебахшад.

Катрин Аштон, ки намояндаи гуруҳи 5+1 дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон аст, ҳамчунон дар ҳоли гуфтугӯ бо мақомоти Эрон, барои идомаи музокирот аст.

Гуруҳи 5+1 аз Эрон хостааст, ки музокирот дар моҳи феврал анҷом шавад. Аммо ҳанӯз бар сари макон ва замони дақиқи анҷоми ин музокирот миёни тарафҳо тавофуқ ҳосил нашудааст. Эрон ва гуруҳи 5+1 дар як соли ахир се бор бо ҳам гуфтугӯ доштанд, аммо ҳамаи музокирот бенатиҷа будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi