11:38:43 02-уми Декабри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚУРМОНБЕК БОҚИЕВ БА 24 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи низомии Бишкек рӯзи сешанбе Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури пешини ин кишварро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Бародари ӯ Ҷаниш Боқиев ҳабси абад гирифт. Додгоҳ Боқиевро дар ғиёбаш барои нақши вай дар сӯиқасдҳои сиёсии пурсарусадо маҳкум намуд.

/images/stories/2013/02/12_bokiev-120213.jpgДар мусоҳибае бо мо Абдимен Кубан – таҳлилгари умури сиёсии Қирғизистон дар Бишкек гуфт, баъд аз расидан ба қудрат дар соли 2005 Қурмонбек Боқиев 4 сол раиси ҷумҳури Қирғизистон буд. Дар соли 2009 низ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва дар он низ пирӯз шуд.

Кубан: Вай то соли 2009 раиси ҷумҳур буд. Муҳлати раёсат ба поён расид. Бори дигар интихоб шуд. Вале то он вақт корҳое кард, ки норизоятии мардумро барангехт. Мардум дар ҳар ҷо бар зидди вай тазоҳурот барпо мекарданд. Дар ин муддат дарсадии шуғли аҳолӣ поин рафт. Нархи хадамоти иҷтимоиро боло бурд.

Кор то ба ҷое расид, ки вай дар куштори раиси пешини дафтари раёсати ҷумҳурӣ Медет Содирқулов шарик шуд. Содирқулов аз соли 2006 то соли 2009 раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ буд. Дар оғози соли 2009 Боқиев вайро аз мақом барканор кард ва баъд аз ду моҳ дар моҳи март ҷасади вайро бо ду нафар, яъне ҷасади Сергей Слевченко – раҳбари пажуҳишгоҳи стратегии Қирғизистон ва ронандаи мошин дар роҳи кӯҳистонӣ пайдо карданд. Мошинро оташ зада буданд.

Он вақт эълон карданд, ки онҳо дар ҳодисаи нақлиётӣ ҷон додаанд ва гӯё касе нишонаҳои кушторро пайдо накардааст. Он вақт мухолифон аз ҷараёни равандҳои сиёсӣ хеле хуб огаҳ буданд ва медонистанд, ки ин кори дасти кист. Гузашта аз ин, дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Бишкек дар соли 2010 тақрибан 100 нафар ҷавон кушта шуданд. Одамон медонистанд, ки ҳукумати Боқиев бар зидди мардум нируҳоро ба кор бурд. Барои ҳамин баъд аз инқилоби соли 2010 ба зудӣ бар зидди Боқиев парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

-Чаро Боқиев ва бародарашро дар додгоҳи низомӣ мурофиа ва маҳкум карданд?

-Масъала ин аст, ки вай масъулияти ҳамаи рӯйдодҳоеро, ки дар давраи раёсаташ рух дод, бар уҳда дорад. Тибқи қонуни асосии Қирғизистон, вай фармондеҳи кулли нируҳои мусаллаҳ буд. Ҳамаи ҷиноятҳое, ки бо дасти нируҳои мусаллаҳ ва нируҳои амниятӣ содир шуд, бо иҷоза ва ризояти вай анҷом гирифтааст.

Гузашта аз ин, бародари вай Ҷаниш фармондеҳи нируҳои посдори раиси ҷумҳур буд. Писари калонии вай Максим мушовири Кумитаи амнияти Қирғизистон буд. Ин се нафар ба таври мустақим дар рӯйдодҳои моҳи апрел даст доштанд. Он вақт нируҳои мусаллаҳ, хадамоти амният, нируҳои интизомӣ бинои ҳукуматро муҳофизат мекарданд ва дар куштори мардум даст доштанд.

-Мо метавонем бигӯем, ки ҳамаи тасмимҳои марбут ба ин нооромиҳоро ҳамин сегонаи падару писар ва бародар мегирифтанд?

-Амалан ҳамин тавр аст. Он вақт гуруҳе буд. Ба ҷуз аз президент ба он бародараш, ду писараш дохил мешуданд. Дар он боз аъзои ҳукумат буданд, ки бо президент наздик буданд ва онҳо тамоми кишварро идора мекарданд.

-Дар доираҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоии Қирғизистон натиҷаҳои ҳукми додгоҳ нисбат ба Қурмонбек Боқиевро чи тарз пазироӣ карданд?

-Гап  сари он аст, ки дар дар дохили кишвар на Қурмонбек Боқиев ва на бародараш Ҷаниш зиндагӣ намекунанд, барои ҳамин онро чун воқеияти ҳол қабул карданд. Додгоҳ ҳукмро содир кард, вале иҷрои он амалан имкон надорад, барои он ки онҳо ҳар ду дар хориҷ аз Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Ҳатто агар ҳукми сахттар ҳам содир мешуд, мардум онро ба таври маъмулӣ қабул мекарданд, чунки иҷрои ин ҳукмро касе намебинад.

-Оё онҳо дар ҷустуҷӯи пулиси байналмиллалӣ, яъне интерпол, қарор доранд?

-Бале, бале. Ҳар дуи онҳо аз тариқи интерпол дар саросари ҷаҳон ҷустуҷӯ мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳама медонанд, ки онҳо ҳар ду дар як ҷо ҳастанд.

-Оё ҳукумати Қирғизистон барои истирдоди онҳо ба Беларус муроҷиа кардааст?

-Бале, муроҷиат карда буданд ва ба он ҷавоб ҳам гирифтанд. Кишвари иқомати онҳо мегӯяд, ки таъқибу ҷустуҷӯи ҳар дуи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад, яъне онҳо ҷинояткор нестанд. Касе, ки барои ангезаҳои сиёсӣ ҷустуҷӯ мешавад, ҳаққи паноҳгоҳ дорад. Барои ҳамин намехоҳанд онҳоро пас диҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi