01:16:45 03-уми Июни 2025 сол

БАРАК ОБАМА БАРАНДАИ ҶОИЗАИ СУЛҲИ НОБЕЛ

Кумитаи Нобел, Барак Обама, раиси ҷумҳурии Омрикоро ба унвони барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2009 эълом кард. Кумитаи Нобел эълом кард ин ҷоизаро ба хотири "талоши фавқулода барои тақвияти диплумосии байналмилалӣ ва тарғиб ба ҳамкорӣ миёни мардум" ба оқои Убомо медиҳад.

 

Кумитаи Нобел талошҳои оқои Убомо барои тақвияти мавзеъи ниҳодҳои байналмилалӣ ва тарғиб ба халъи силоҳи ҳастаиро низ маривди таъкид қарор дод. Дар соли ҷорӣ шумори афроди номзад барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел ба рақами бесобиқаи 205 нафар расида буд ва аз ҷумла Морган Свангирай, нахуствазири Зимбабве ва Симо Самар, раиси Кумисиюни Ҳуқуқи Башари Афғонистон ва нахустин зане, ки пас аз суқути Толибон дар кобинаи ин кишвар ҳузур ёфт, дар миёни ин феҳраст қарор доштанд.

 

Фарди барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ки тавассути аъзои кумитаи панҷнафараи Нобел интихоб мешавад, илова бар як медоли тило, як лавҳи ифтихор ва маблағи 10 милюн кроди шведӣ (муъодили 1.4 милюн дулор) низ дарёфт мекунад.

 

Кумитаи норвегияии Нобел дар баёнияе унвон кард: "Бисёр банудрат касе ба андозаи оқои Убомо таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст ва дар мардуми худ умед ба оянда эҷод намудааст." "Диплумосии ӯ бар ин асос бино шуда, ки раҳбарони ҷаҳон бояд мардумро бар асоси арзишҳо ва ақоиде, ки аксарияти мардуми ҷаҳон ба он эътиқод доранд, ҳидоят кунанд."

 

Оқои Убомо нуздаҳумин фарди омрикоӣ аст, ки ба дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел муфтахар мешавад. Дар ҳазораи севуми мелодӣ, пеш аз Ҷимӣ Картер (2002) ва Ул Гур (2007) ӯ севумин омрикоӣ аст, ки номаш ба унвони барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел эълом шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854