00:49:17 03-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШҲО БА АҲДНОМАИ ТУРКИЯ ВА АРМАНИСТОН

Баёнияи Озарбойҷон аз вокуниши дигар кишварҳо ба имзои аҳдномаи Туркияву Арманистон дар бораи барқарорсозии равобити дипломатӣ фарқ дорад.

 

Бо вуҷуди ин ки дирӯз дар шаҳри Сюрихи Шветсария дар маросими имзо вазирони хориҷаи кишварҳое аз қабили Амрикову Русия, Фаронса ва ҳамчунин масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ширкат ва бо чунин ширкати худ аз имзои аҳднома истиқбол карданд, вале Озарбойҷон - кишвари ҳамзабон ва ҳамсояи Туркияву Арманистон аз имзои аҳднома хушҳол ба назар намерасад.

 

Ин аҳднома оддӣ сохтани муносиботи дипломатӣ ва боз кардани марзҳо бар рӯи якдигарро дар назар дорад. Бо гузашти соатҳои ангуштшумор аз имзои ин санад Озарбойҷон билофосила аз Туркия интиқод кард, ки розӣ шудааст, муносиботаш бо Арманистонро оддӣ созад.

 

Вазорати хориҷаи Озарбойҷон гуфт, оддӣ сохтани муносиботи миёни Туркияву Арманистон қабл аз хуруҷи нерӯҳои Арманистон аз қаламрави ишғолии Озарбойҷон мустақиман бо манофеи Озарбойҷон муғоират дорад. Дар эъломияи вазорати умури хориҷаи Озрбойҷон омадааст, ки боз кардани марзи миёни Туркияву Аранистон сулҳу субот дар минтақаро зери суол мебарад.

 

Туркия бо Озарбойҷон фарҳанги муштарак дорад, ба ин далел ба Туркия фишор меорад, ки дар баргардонидани қаламрави ишғолиаш, яъне Қарабоғи Кӯҳистонӣ, кӯмак кунад. Аммо дар муқоиса бо Озарбойҷон Комиссияи Аврупо аз имзои аҳдномаи Туркияву Арманистон истиқбол кард ва гуфт, ин иқдом заминаи коҳиши ташаннуҷ дар минтақаро фароҳам меорад. САҲА низ аз ин санад ҷонибдорӣ кард.

 

Имзои Аҳдномаи таърихӣ рӯзи шанбе чанд соат ба таъхир афтод, зеро ҳайати Арманистон аз изҳороти ҷониби Туркия, ки бояд дар маросими имзо қироат мешуд, розӣ набуд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ки дар ин маросим ширкат дошт, аҳамияти имзои ин санадро чанд дафъа ба ҳайатҳои ҳар ду ҷониб таъкид кард, то ҷонибҳо бидуни имзо нараванд. Вай гуфт, дар ҷараёни маросим чанд дафъа телефонӣ бо Барак Обама,раиси ҷумҳури Амрико машварат кардааст.

 

Ҳоло баъд аз имзо ин санад бояд дар порлумонҳои ҳар ду кишвар ба тасвиб расад. Бо назардошти он Лиз Фуллер, таҳлилгари умури Қафқоз, дар радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мушкилиҳои дигар дар пеш аст. Вай афзуд, "бо вуҷуди ин ки Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Серж Саркисян назорат бар порлумонро дар даст дорад, вале ҳассосиятҳо бисёр аст ва тибқи протокол, ба Туркия бояд гузаштҳои зиёде кард. Он чӣ ба порлумони Туркия иртибот дорад, мумкин аст, ки ин санад ба тасвиб нарасад, агар Аранистон дар бораи Қаробоғи Кӯҳистонӣ гузаштҳои қотеъ накунад".

 

Дар Арманистон ин санад бо раҳпаймоии эътирозӣ рӯ ба рӯ шуд. Эътирозкунандагон мегуфтанд, ки санади мазкур бозтоби кушторҳои соли 1915-и садҳо ҳазор арманӣ ба дасти туркҳои усмонӣ нест. Арманистон мехоҳад, ки Туркия ин кушторҳоро ба унвони қатли оми арманиҳо эътироф кунад, вале давлати Туркия ин корро намехоҳад. Бо назардошти чунин ихтилофи назар дар бораи кушторҳо дар санад гуфта шудааст, ки барои расидагӣ ба ин кушторҳо ва арзёбӣ аз он бояд як комиссияи муштарак ташкил шавад.

 

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854