20:57:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Вершбоу: «НАТО дар Осиёи Миёна пойгоҳи низомӣ сохтанӣ нест»

 Муовини дабири кулли НАТО мегӯяд, кишварҳои узви ин созмон баъди анҷоми амалиёт дар Афғонистон дар соли 2014 нияти бунёди пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Миёнаро надоранд.

vershbau-300313Александр Вершбоу, муовини дабири кулли НАТО, зимни мусоҳибае бо хабаргузории «Интерфакс» гуфт: «Айни ҳол ман иттилое надорам, ки кадоме аз кишварҳои узви НАТО барои ҳимоят аз маъмурияти ин созмон пас аз соли 2014 дар Афғонистон ниёз ба бунёди пойгоҳи низомии доимӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дошта бошанд.»

Александр Вершбоу дар идомаи мусоҳибааш бо хабаргузории «Интерфакс» таъкид кард, ки онҳо барои идомаи ҳамкорӣҷиҳати танзими транзити орому бидуни мушкили таҷҳизоту муҳимот умедворанд ва дар паи эҷоди пойгоҳи низомӣ нестанд. Аммо вай афзуд, «маъмурияти ҷадид дар ҳоли тарҳрезӣ аст ва ман дақиқ теъдоди асокир дар ин маъмуриятро намедонам.» Ба андешаи муовини дабири кулли НАТО, ин маъмурият теъдоди ками нерӯҳоро дар бар мегирад ва онҳо дар амалиёти ҷангӣ иштирок нахоҳанд кард.

Ҳамчунин, Александр Вершбоу гуфт: «Талоши мо бар он аст, ки дар интиқолу транзити сарбозон ва таҷҳизоту муҳимот бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Русия, ба мувофиқа бирасем ва кумаку пуштибонии онҳоро ба даст биёрем.»

Муовини дабири кулли НАТО дар посух ба ин савол, ки оё НАТО баъд аз берун бурдани нерӯҳояш аз Афғонистон дар соли 2014 қисме аз силоҳу муҳимоташро дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Миёна гузоштанӣ аст, гуфт, НАТО намехоҳад, ки худ танҳо дар ин маврид тасмим бигирад. Бар асоси тавофуқи дуҷониба бо ҳамсоякишварҳои Афғонистон теъдоде аз васоил ба ин кишварҳо ба таври ройгон тақдим ва қисме ҳам фурӯхта хоҳанд шуд.

Зимнан, Александр Вершбоу, ки барои иштирок дар конфронсе дар Русия қарор дорад, дирӯз дар шаҳри Маскав бо Алексей Мешков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, мулоқот кард.

Александр Вершбоу яке аз дипломатҳои муваффақи амрикоӣ аст, ки таи солҳои 1998-2001 ба ҳайси намояндаи доимии ИМА дар НАТО фаъолият дошт ва аз соли 2001 то соли 2005 сафири ИМА дар Русия буд. Вай то таъиншавиаш ба симати муовини дабири кулли НАТО дар 15 феврали соли 2012 аз соли 2009 то соли 2012 ба ҳайси муовини вазири дифои ИМА оид ба масоили амнияти байналмилалӣ ифои вазифа дошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi