04:37:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Шаҳри Бостон пас аз боздошти Ҷоҳар Тсарнаев


Хабари боздошти муттаҳами дуввум ба бомбгузори р
ӯзи душанбе 15 апрел дар Бостонро дар ин шаҳр бо хушҳолӣ қабул карданд.

barodaron-20042013Ҷоҳар Тсарнаев, як ҷавони 19 солаи чеченро баъди муқовимати мусаллаҳонааш ба маъмурони пулис дар як канораи шаҳри Бостон дастгир кардаанд. Раёсати умури дохилии шаҳри Бостон дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт, ки “Таъқиб ба поён расид, ҷустуҷӯ натиҷа дод, террор хотима ёфт ва адолат пирӯз шуд.”

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико баъди анҷоми амалиёт гуфт, боздошти муттаҳам ба бомбгузорӣ “як фасли муҳим дар ин фоҷиаро” баст: “Пулиси Бостон, пулиси кишвар ва маҳаллӣ дар тамоми аёлати Массачусетс, дар ин панҷ рӯзи тӯлонӣ бо сатҳи баланди касбӣ ва далерона амал карданд. Ва имшаб баъди талошҳои собитқадамонаи онҳо, мо як фасли муҳим дар ин фоҷиаро бастем.”

Аммо гуфт, Барак Обама,суолҳои бепосух ҳанӯз мондаанд: “Маълум аст, ки ҳанӯз суолҳои зиёди бепосух мондааст. Аз ҷумла, чаро як ҷавоне, ки инҷо ба ҳайси як узви ҷомеаи мо ва кишвар ба воя расидаву таҳсил кардааст, ба чунин хушунат рӯ овард. Чӣ гуна онҳо ин ҳамларо тарҳрезӣ карда ва анҷом доданд ва оё онҳо кӯмаке гирифта буданд. Хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса, ки бераҳмона кушта шуданд, бояд посухи ин суолҳоро бидонанд.“

Хабари боздошти муттаҳами дуввум ба бомбгузори рӯзи душанбе 15 апрел дар дави марафонии Бостонро дар ин шаҳр бо хушҳолӣ қабул карданд. Пулиси Бостон мегӯяд, ки Ҷоҳар Тсарнаев, ки дар даргирӣ башиддат захмӣ шуд, ҳоло дар шифохона аст. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар як қаиқе дар ҳавлии як хона дар маҳаллаи Вотертаун пинҳон шуда будааст ва соҳиби қаиқ олудагиҳои хунро дар он дида ва ба пулис гузориш додааст.

Зимни таъқибу ҷустӯҷуи ду муттаҳам ба бомбгузорӣ дар дави марафонии шаҳри Бостон ба сокинони ин шаҳр амр доданд, ки аз хонаҳояшон берун нашаванд ва қабл аз боздошти Ҷоҳар пулис ин амрро беэътибор кард. Барои боздошти муттаҳамон ҳазорон маъмури пулисро сафарбар карда буданд. Темирлан Тсарнаев муттаҳами дигар ба бомбгузорӣ ва бародари Ҷоҳарро рӯзи панҷшанбе зимни муқовимат ба пулис куштанд.

Пулиси Амрико мегӯяд, ин бомбгузории рӯзи душанбе дар дави марафонии шаҳри Бостон, ки 3 кушта ва 176 захмӣ бар ҷой гузошт кори дасти ҳамин ду бародар будааст. Ҳамлаи мазкур бадтарин ҳамлаи террористӣ ба Амрико баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 аст. Як мақоми расмии Амрико гуфт, ки маъмурони FBI Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико соли 2011 бо дархости кишваре, ки номашро набурдаанд, Темирлан Тсарнаевро бозпурсӣ карда, вале ҳеҷ чизи шубҳаангезе пайдо накарданд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико пештар бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Амрико масъалаи бомбгузорӣ дар дави марафонии Бостонро баррасӣ кардааст. Ҳарду бародар чечен буда ва дар солҳои хурдӣ дар Қирғизистон зиндагӣ кардаанд ва баъдан бо гирифтани ҳаққи иқомат ба Амрико рафтаанд. Як амаки онҳо гуфтааст, ки ин хонавода даҳ сол боз дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард.

Кохи Сафед гуфт, ки Владимир Путин аз номи мардуми Русия ба Амрико изҳори ҳамдардӣ кардааст. Барак Обама дар навбати худ аз ҳамкории Русия дар самти муқобила бо терроризм аз ҷумла дар пасманзари бомбгузории Бостон ситоиш кардааст. Ба гуфтаи Кохи Сафед ду тараф аҳд доданд, ки ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва масоили амниятиро идома медиҳанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi