01:30:03 03-уми Июни 2025 сол

АБДУЛЛОҲ: ИНТИХОБОТ БА ДАВРИ ДУВУМ МЕРАВАД

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, рақиби аслии Ҳомиди Карзай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тавассути Кумисиюни шикоёти интихоботӣ, интизор дорад, ки ин интихобот ба даври дувум кашида шавад.

 

Оқои Абдуллоҳ дар гуфтугӯе ихтисосӣ бо Би-би-сӣ гуфт, ки умедвор аст, ки даври дувум қабл аз фаро расидани зимистони имсол баргузор шавад, аммо афзуд, ки кумисиюни интихобот дигар барои ӯ марҷаъи қобили эътимод нест ва бояд механизме барои баргузории даври дувуми интихобот дар назар гирифта шавад. Оқои Абдуллоҳ, дар мавриди интизораш аз эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот, ки қарор аст базудӣ эълом шавад, чунин гуфт:

 

Ман намехоҳам пешбинӣ дошта бошам, аммо бо таваҷҷуҳ ба ҷараёни бозшумории оро ва баррасии сандуқҳо дар чанд рӯзи гузашта, эҳтимоли рафтан ба даври дувум (интихобот) фавқулода зиёд аст. Назар ба сандуқҳои тахминӣ ва орои тахминӣ, ки дар назар гирифта шуда, баррасӣ шуда ва тақаллубе талаққӣ намешавад, эҳтимоли ин ки натоиҷи интихобот дар даври аввал эълом шавад ва дар он касе баранда эълом шавад, комилан кам ва тақрибан номумкин аст.

 

Аз тақаллуб суҳбат кардед, дар мавриди тақаллуб аз шумо ҳам ном бурда мешавад, оё тарафдорони шумо ин корро ба дастури шумо карданд?

 

Табъан ҳеҷ коре ба дастури ман сурат нагирифта ва агар дар ҷое тақаллуб сурат гирифта бошад, бино бар адами огоҳӣ аз қавонини интихобот буда ва ҷудо аз тақаллубе аст, ки дар мавридаш суҳбат шудааст. Ба ин маъно, ки дар ҳеҷ ҷое собит нахоҳад шуд ё чунин воқеъ нашуда, ки як маркази раъйгирӣ боз набуда бошад ва аз он ҷо ҳазорҳо раъй ба нафъи ман эълом шуда бошад. Ҳаргиз чунин нашудааст.

 

Ҳамчунин дар теъдоди сандуқҳое, ки қарантина шуда, ки болотар аз ҳазор раъй дар он ба нафъи як номзад ҷобаҷо шуда, яке аз онҳо ҳам марбут ба ман намешавад. Албатта гуфта наметавонем, ки тақаллубҳои интихоботӣ дар ҷоҳое аз тарафи тарафдорони ман ҳам сурат нагирифтааст. Ба ҳеҷ сурат ман на тарафдори тахаллуф, на тахаттӣ ва на тақаллуб будаам.

 

Ман ин тақаллуби васеъеро, ки сурат гирифта, натанҳо як мушкили бисёр бузург барои ин интихобот, балки барои ояндаҳо ҳам медонам, аслан бунёди интихобот ва раъй доданро садама задааст. Умедворам раванде, ки ҷараён дорад, то ҳадди мумкин ин вазъиятро ислоҳ кунад, то мардуми мо дар ояндаҳо ҳам ба ороашон ва ба системи раъйдиҳӣ эътимод дошта бошанд.

 

Ҳар гоҳ бо ҳузури шумо интихобот ба даври дувум биравад, дар кутоҳмуддат ба назари шумо имкони баргузории интихобот вуҷуд дорад?

 

Имкони баргузории даври дувуми интихобот вуҷуд дорад ва ҳам барои ҷилавгирӣ аз мушкилоте, ки мо имрӯз бо он рӯбарӯ ҳастем, роҳҳое вуҷуд дорад, роҳҳои назорат вуҷуд дорад. Дигар эътимоде ба Кумисиюни мустақили интихобот нест ва систем тавре омода шавад, ки эътимоди мардумро ба раванд ва механизми интихобот эҳё кунад. Роҳҳое дар ин замина вуҷуд дорад, аммо ман феълан намехоҳам дар мавриди он баҳс кунам.

 

Дар ин марҳила мунтазири эъломи натоиҷи интихобот ҳастем, чун баррасиҳо такмил шудааст. Албатта як нуктаи дигарро ҳам бояд ёдоварӣ кунам, ки дар канори раванди бозшуморӣ, ки ба таври намунавӣ анҷом шуд, як раванди дигар ҳам дар ҷараён аст, ки мустақиман аз тарафи Кумисиюни шикоёти интихоботӣ пеш бурда мешавад, ки иборат аз баррасии шикоёт аст. 751 шикояти ҷиддӣ, ки бар асоси эъломи Кумисиюни шикоят рӯйи натоиҷи интихобот таъсир дорад, ҳам таҳти баррасӣ қарор дорад. Яъне натоиҷи ҳар ду раванд билохира натоиҷи ниҳоии интихоботро таъин хоҳад кард.

 

Ва ҳар гоҳ мутобиқи интизори шумо интихобот ба даври дувум биравад ва раванди баргузории он тӯлонӣ шавад, чи механизмеро пешниҳод мекунед?

 

Умедворем, ки натоиҷи даври дувуми интихоботро қабл аз зимистон дошта бошем, яъне даври дувум қабл аз зимистон баргузор шавад, чун тӯлонӣ шудани раванд мушкилотеро бо худ ҳамроҳ дорад. Агар бино бар далоиле ин раванд тӯлонӣ шавад ва интихобот дар баҳор ё тобистони соли оянда баргузор шавад, дар он сурат бояд рӯйи раванди ташкили давлати интиқолӣ ё мувақат кор сурат бигирад, аммо намехоҳем феълан ин мавзӯъро шарҳ бидиҳем, чун муътақидем, ки комилан ба нафъи Афғонистон аст, ки иншоаллаҳ вақте ки натоиҷи интихобот эълом мешавад, ва баргузории даври дувумро эҷоб мекунад, баргузории даври дувумро қабл аз зимистон дошта бошем.

 

Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки гуфта мешавад, ки ҳар гоҳ натоиҷи ниҳоии интихобот ба нафъи рақиби шумо Ҳомиди Карзай эълом шавад, шояд тарафдорони шумо даст ба тазоҳурот бизананд, шумо аз чунин тазоҳуроте ҳимоят хоҳед кард?

 

Манзури мо ин нахоҳад буд, ки агар (натоиҷи интихобот) ба нафъи мо эълом шуд, хуш бошем, ки табъан хуш хоҳем буд ва агар нашуд баъд изҳори норизоятӣ кунем. Манзури мо ин аст, ки дар ин интихобот мардум натоиҷи аслӣ ва воқеъиро дошта бошанд ва раъйи ботил ва тақаллубӣ аз раъйи солим ҷудо шавад.

 

Бо таваҷҷуҳ ба баррасиҳое, ки сурат гирифта ва бо таваҷҷуҳ ба бардоште, ки шумо медонед, нозирони байналмилалӣ ҳам эълом карда ва бардошти умумии мардуми мо ҳам ҳамин аст ва муҳосибаи тахминӣ, ки ҳам сурат мегирад, дар сурате, ки раъйи тақаллубӣ ҷудо шавад, интихобот ҳатман ба даври дувум меравад. Бино бар ин набояд тазоҳуроте сурат бигирад.

 

Кӯшиш шавад даври дувуми интихобот дар шароити беҳтар анҷом шавад. Ман ба унвони як номзад ҳам масъулият дорам, мардуми мо ва ҳукумат ҳам масъулият дорад, ки фазои солимеро барои баргузории даври дувум мусоъид бисозанд.

 

Ҳар гоҳ Ҳомиди Карзай ба унвони барандаи интихобот эълом шавад, вокуниши шумо чи хоҳад буд?

 

Шумо фарзияеро матраҳ мекунед, ки таҳаққуқи он номумкин аст; чун ҳамин нозирини байналмилалӣ, Кумисиюни шикоёти интихоботӣ ва кумисиюни интихобот, теъдоде аз мутахассисине ҳам ки даъват шуда буданд, рӯйи раванде кор карданд ва натоиҷи ҳамин равандро, ки дар чанд рӯзи гузашта мо дидем, баргузории даври дувуми интихоботро эҷоб мекунад. Ба ин лиҳоз имконпазир нест, ки бидуни чашмпӯшӣ аз инқилоб имкони барандагии оқои Карзай вуҷуд дошта бошад.

 

Ба ин маъно, ки ҳар гоҳ ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалии нозир дар интихобот бо ҷудо кардани орои солим аз орои тақаллубӣ, дар ниҳоят ҳукм содир кунанд, ки барандаи ниҳоӣ Ҳомиди Карзай аст, шумо ҳозир нестед, ки Ҳомиди Карзайро ба унвони баранда қабул кунед?

 

Шумо фарзияеро матраҳ мекунед, ки мардум қабул бикунанд, ки ин мумкин аст, ки ҳама ниҳодҳо аз тақаллуб чашмпӯшӣ хоҳанд кард ва билохира тараферо, ки баранда нест, баранда эълом мекунанд.

 

Аз баргузории интихобот то кунун дар Афғонистон навъе буҳрони ҷиддӣ эҳсос мешавад, барои бурунрафт аз ин буҳрон шумо аз ҷомеъаи байналмилалӣ чи нақшеро интизор доред?

 

Муҳимтарин нақшеро, ки ҷомеъаи байналмилалӣ метавонад ифо кунад, тақвияти ин раванд ва кумак ба ин аст, ки раъйи тақаллубӣ аз раъйи солим ҷудо шавад ва билохира роҳе барои таъйини сарнавишт, ҳамин интихобот барои мардуми Афғонистон боқӣ бимонад. Аммо муҳимтарин масъала ин аст, ки интихобот ба ҳайси роҳу расми таъйини сарнавишт боқӣ бимонад.

 

Гуфтугӯ аз Бабраки Эҳсос

Кобул, Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854