12:15:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Путин: Аз Березовский ду нома гирифта будам

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 25 апрел дар як мулоқоти анъанавии солона ба суолҳои мардуми ин кишвар ҷавоб дод.

vladimir-putin-25042013Путин гуфт, ӯ бовар дорад, ки таҳқиқи бомбгузории Бостон Русияву Амрикоро дар мубориза бо терроризм ба ҳам наздик хоҳад кард: “Ман даъват мекунам, ки ин фоҷеа моро ба ҳам наздик кунад, то таҳдидҳои муштарак ва аз ҳама пурхатар - терроризмро ҳамроҳ бартараф кунем.Агар мо воқеан ҳамроҳ бошем, бо ба чунин зарбаву хасорот роҳ намедиҳем.”

Русияву ИМА сафари нимсолаи яке аз бомбгузорони 15-уми апрел Темурлан Тсарнаев ба Русияро таҳқиқ мекунанд. Ӯ соли гузашта аз Доғистон ва Чеченистон дидан карда буд.

Президенти Русия кишварҳои ғарбиро бо таъмини молӣ, иттилоотӣ ва сиёсии ҷангҷӯёни Қафқози Шимолӣ, ки ба ақидаи Маскав, террорист мебошанд, муттаҳам кард: “Худи Русия яке аз аввалин қурбониҳои терроризми байналмилалӣ мебошад. Ман доимо аз он нигарон будам, ки ҳамкорони ғарбии мо ва баъзе рӯзноманигорон террористонеро, ки дар хоки Русия ба ҷиноятҳои хунин даст задаанд, ошӯбгар номида, тақрибан ҳеҷ гоҳ онҳоро ба ҳайси террорист эътироф накардаанд.”

Путин ҳамчунин тасдиқ кард, ки аз сарватманди рус Борис Березовский ду мактуб дастрас намуда буд: Яке аз пеш марги Березовский ва дигаре баъди фавти ӯ. Березовский моҳи гузашта дар Лондон вафот кард. Ба қавли Путин, Березовский дар мактубаш эътироф карда буд, ки дар гузашта ба хатоҳо роҳ додааст ва мехоҳад мавриди афв қароир гирифта, ба ватан баргардад. Ба гуфтаи Путин, “ӯ навишт, ки хатои зиёд кардааст, зарари зиёд расондааст, вале мехоҳад ӯро бахшанду ба ватан роҳ диҳанд”.

Дар мавриди муҳокимаи блогнависи мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний Путин гуфт, дар Русия ягон муҳокимаи сиёсӣҷой надорад ва ҷомеаи ин кишвар роҳ нахоҳад дод, ки дар Русия низоми сталинӣ барқарор шавад. Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар шаҳри Киров мурофиаи парвандаи Навалний бо иттиҳоми сирқати чӯб ба маблағи ним миллион доллар шурӯъ шуд.

Шабакаҳои телевизионии Русия намоиши мустақими ҷавобҳои президент Путинро ташкил карданд. Путин 11 дафъа ба ҳайси президент ва сарвазири Русия чунин мулоқот доир намудааст. То рӯзи чоршанбе Путин як миллиону 200 ҳазор саволи мардумиро тавассути телефон ва интернет дастрас карда буд. Соли гузашта Путин ба ҳайси сарвазири Русия дар тӯли 4 соату 32 дақиқа ба саволҳо посух дода буд.

Ба фарқ аз Русия, чунин таҷрубаи гуфтугӯи мустақими раҳбарони аввали давлат бо мардум дар Тоҷикистон то ҳол роиҷ нашудааст. Сӯҳбати Путин дар ҳолест, ки рӯзи 26 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонааш ба парлумон ва мардумро ироа мекунад, вале ин суханронӣ маъмулан бидуни суолуҷавоб анҷом мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi