18:22:07 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тавофуқи Амрико ва Русия барои баргузории кунфронси байналмилалии Сурия

Русия ва Иёлоти Муттаҳида аз тавофуқ барои баргузории кунфронси байналмилалии сулҳ бо ҳадафи поён додан ба хушунатҳо дар Сурия хабар додаанд.

kerry lavrov 08052013Дар пайи дидори Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, бо мақомҳои аршади Русия дар Маскав, ду кишвар эълом карданд, ки ба тарафайни даргирӣ дар Сурия барои пайдо кардани як роҳи ҳалли сиёсӣ фишор ворид хоҳанд кард.

Ҳамзамон Алиакбар Солеҳӣ,вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба минтақа сафар карда, хоҳони гуфтугӯ миёни ҳукумати Сурия ва мухолифони "мусолиматомез" шуд, ва дар бораи паёмадҳои густариши нооромиҳо дар ин кишвар ба дигар нуқоти минтақа ҳушдор дод.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, пас аз дидор бо ҳамтои Амрикоии худ дар рӯзи сешанбе эълом кард, к Маскав ва Вошингтун хоҳони баргузории ҳарчи сареътари кунфронси байналмилалӣ ҳастанд, то ду тарафи даргирӣ дар Сурияро ба иҷрои муфоди тавофуқномаи Женев тарғиб кунанд. Ба гуфтаи ӯ замони баргузории ин кунфронс эҳтимолан то авохири ин моҳ аст.

Оқои Лавров ҳамчунон таъкид кард, ки барканории Башор Асад набояд пешшарти иҷрои ин тавофуқнома бошад. Сергей Лавров гуфт: "Мо нигарони сарнавишти як фард нестам. Мо нигарони сарнавишти маруми Сурия ҳастем."

Тавофуқномаи Женев, ки сиюми июни соли гузашта ба тасвиби қудратҳои ҷаҳонӣ расид, бидуни ишора ба ояндаи сиёсии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, хоҳони як давраи интиқолӣ дар ин кишвар шуда буд. Муфоди ин тавофуқнома ба иллати адами барқарории оташбас дар Сурия, ҳеҷ вақт иҷро нашуд.

Ҷон Керрӣ низ дар суханоне бар иҷрои тавофуқномаи Женев таъкид кард. Ба гуфтаи оқои Керрӣ, ин тавофуқнома роҳи муҳимме барои поён додан ба хунрезиҳо дар Сурия аст Оқои Керрӣ ҳушдор дод, ки адами иҷрои тавофуқнома ба бурузи хушунатҳои бештар хатм хоҳад шуд ва таъкид кард дар сурати барқарор шудани давраи интиқолӣ дар Сурия дигар ниёзе ба мусаллаҳ кардани мухолифон ба василаи Амрико вуҷуд нахоҳад дошт.

Ҷон Керрӣ ҳамчунин дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз манофеъи муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар Сурия хабар дода буд. Сурия яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди ихтилофи миёни Амрико ва Русия аст.

Пеш аз ин дидор мақомҳои Амрикоӣ гуфта буданд, ки оқои Керрӣ талош хоҳад кард, то раиси ҷумҳурии Русияро розӣ кунад, ки аз вазъи таҳримҳои бештар тавассути Созмони Милал алайҳи Сурия ҳимоят кунад ва қатъномаи марбут ба таҳрими ҳукумати Сурияро вету накунад.

Ҳамзамон Алиакбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, ба Димишқ сафар кард, то дар дидор бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, охирин таҳаввулоти ин кишварро пас аз ҳамалоти ҳавоии Исроил баррасӣ кунад.

Пештар эълом шуда буд, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, муъовини арабӣ, офриқоии вазорати умури хориҷаи Эрон барои баррасии мавзӯъ ба Димишқ сафар мекунад.

Оқои Солеҳӣ пеш аз сафар ба Сурия дар суханоне дар Умон, пойтахти Урдун, хоҳони гуфтугӯ миёни ҳукумати Сурия ва мухолифони мусолиматомез шуд

Оқои Асад дар дидор бо оқои Солеҳӣ ҳамалоти Исроилро баёнгари даст доштани ин кишвар ва қудратҳои минтақаиву ҷаҳонӣ дар нооромиҳои Сурия донист. Оқои Солеҳӣ низ бар ҳамроҳии Эрон бо Сурия дар мувоҷеҳа бо Исроил таъкид кард.

"Шавоҳиди эҳтимолӣ"

Аз сӯйи дигар, Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, аз мавзеъаш дар бораи буҳрони Сурия дифоъ карда ва бо ишора ба таҷрибаи ҷанги Ироқ, дар бораи хатари иқдом кардани мубтанӣ бар "шавоҳиди эҳтимолӣ" дар бораи силоҳҳои куштори ҷамъӣ ҳушдор додааст.

Оқои Обама гуфтааст: "Ман бар асоси шавоҳиди эҳтимолӣ тасмим намегирем. Наметавон бар асоси шавоҳиди эҳтимолӣ як эътилофи байналмилалӣ дуруст кард.

Ӯ дар посух ба афроде ки дар бораи иҳтимоми оқои Обама барои соқит кардани Башор Асад аз ҳукумат тардид доранд, сароҳатан ба саранҷоми Усома бин Лодин ва Муъаммар Қаззофӣ ишора кард

Барак Обама, ки пештар корбурди силоҳи шимиёӣ дар Сурияро "хатти қирмизи" худ унвон карда буд, ба хотири вокуниши худ ба гузориши иттилоъотии Амрико дар бораи имкони корбурди ин гуна таслиҳот дар ин кившар мавриди интиқоди баъзе аз намояндагони кунгре қарор гирифтааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi